Таҳсили толибилмон дар синфҳои 10 ва 11 ҳатмӣ шуд. Чаро?  

Дар Тоҷикистон таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 ҳатмӣ шуд. Ин навгонӣ дар асоси тағйироте, ки ду рӯз пеш ба қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, ҷорӣ гардид.

Яъне таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 ҳатмӣ гардида, дар сурати қатъи таҳсил, бояд омӯзиш дар колеҷу техникумҳо идома дода шавад.

Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ ва умумӣ барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд.

Бояд гуфт, ки тағйироти нав ба қонун рӯзи 20-уми феврал аз сӯи вакилони парлумони кишвар қабул шудааст.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *