ГУФТОР ВА Ё БА ИСТИЛОҲ, МАҚОЛАИ 101-ум (идома)
Ҳар як қавму миллатро раҳбару раҳнамо, «Имом», яъне «Пешво» мебошад. Вожаи «Имом» дар тӯли 1400 сол аз забони арабӣ ба мо ворид гардида, ба забони англисӣ Лидер, ба забони русӣ Вождь, ва ба забони модариамон маънои «Пешво» гуфтанро дорад, ки бо амри сарнавишт ба мардумони кишварамон насибу рӯзӣ гардидааст. Он чуноне, ки дар намозҳои ҷомеъа касеро интихоб мекунанд, ки Имомат кунад, яъне Пешвоӣ кунад. Мафҳуми вожаи «Эмом-Алӣ» бошад, исми сифотӣ буда, ба забони энглисӣ, Гранд Лидер, ба забони русӣ Великий Вождь ва бо забони модариамон маънои Пешвои Бузург гуфтанро дорад, ки ин ҳам бо амри сарнавишт ба мо насибу рӯзӣ гардидааст. Мафҳуми вожаи «Раҳмон» низ, калимаи арабӣ буда, яке аз навадунуҳ исмҳои сифотии Худованди якто мебошад, ки ба забони русӣ Милостливый ва ба забони модариамон, маънои Бахшандаву сахӣ гуфтанро дорад. Мардумони Ирону Афғонистон, Арабистону Покистону Ҳиндустон гумон мекунанд, ки исмҳои Ҷаноби Олӣ, ҳамчун Имом Алиӣ Раҳмон, исмҳои интихобиву исмҳои сифотианд, ба монанди Аврангзебу, Ҷавоҳирлал Неҳру, Оятулло Ҳумоюниву, Маҳмуд Аҳмади Наҷоту Ҳасани Рӯҳонву Бурҳониддини Раббонӣ ва ғайраҳо. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳамаи мамлакатҳои мухталифи рӯи олам ҳар як ширкати бонуфӯз, президенти худро дорад. Шурӯъ шуда аз президенти академияи улум, нафту газ, ассотсиатсияи футбол ва ғайраҳо, ки шумораи онҳо ба садҳо мерасад. Мафҳуми ширкат, ду ва ё зиёда шариконеанд, ки як соҳаи ҷамъиятиро дастаҷамъона ташкил мекунанду якеро «президент» интихоб менамоянд. Мафҳуми вожаи «Президент» бошад, аз забони Инглисӣ гирифта, маънои «шахси комилу мукаммалро»-ро дорад, ки мардумон бо роҳи раъйпурсии ошкорову ниҳонӣ, ба худашон раису сарвар интихоб менамоянд. Презентатсия ҳам, аз ҳамин мафҳум гирифта шуда, маънои «санҷиши камолот»-ро дорад. Дар мамлакатҳои мухталифи рӯи олам, даҳҳо ва ё садҳо президентҳои соҳаи гуногун мавҷӯд аст, амсоли президенти академияи улум, нафту газ, асотсиатсияи футбол ва ғайраҳо. Вале интихоби «президент», ҳамчун «ҳокими мутлақ», фиреби назар буда, дар асл инқилоби сохтаву сунъӣ эҷод намудан аст, кӣ мардумони ҷоҳталабу мансабталаби як миллату нажод ба гуруҳҳои мухталиф, фирқаҳову партияҳо кисмат мешаванду муқобили ҳамдигар мубориза мебаранд. Мардумони худшиносу худогоҳи рӯи олам инқилоби сохтаву сунъиро дар маъракаи интихоботии президентии Амрико ба хубӣ эҳсос намуданд, кӣ 47% дар сади мардумони ин кишвар ба тарафдории Ҳиллари Клинтон рой додаанду 48% дар сади дигари мардумон бошад, ба тарафдории Доналд Трамп рой додаанд. Ҳар як президенти интихобгардида, гурӯҳ, даста ва ё ба истилоҳ, командаи худро дорад ва дар давоми фаъолияти кориаш кинаи тарафҳои мухолифро фаромӯш карда наметавонад, ки ин раванди интихобот ба пешравии иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, таъсири манфӣ мерасонад. Хоинони аҳримании бурунмарзӣ, хоса аврупоӣ, ҳамаи ниятҳои нопоки худро бо интихоби президент ва демократӣ эълон намудани давлатҳои шоҳигарӣ амалӣ месозанд, амсоли Ироқ, ки Саддом Ҳусейн аз сулолаи подшоҳони ин давлат буд ва ё Либиё, кӣ Муаммар Қаззофӣ 42 сол подшоҳи ин давлат буд ва бисёр дигарон. Дар олами ҳастиву шаҳодат ҳама чиз итихобӣ аст. Шурӯъ шуда аз касбу кор, дӯсту маҳбуб, дину мазҳаб ва ғайраҳо,ба ҷуз аз «Ҷон». «Ҷон» интихоби буда наметавонад.«ӯ» худ соҳибихтиёру фармонравост. Он чуноне, ки «ҷон» дар мулки бадан ҳокиму фармонраво асту дигар узвҳо, ҳамчун ақлу хирад, чашму забон, дасту пой ва дигар аъзои бадан, ходимону хидматгорони «Ҷон» — анд, «Шоҳ» низ дар мулки «Ватан»- ҳамчун «Ҷон» дар мулки бадан аст. «Ҷон ва Шоҳ» ҳарду як мафҳум буда, интихобӣ буда наметавонанд. Ин ҳарду бо ҳукми табииву қазову қадар бо ягон сабаби таърихӣ ва ё табаддулот, аз олами «боло» ҳокиму фармонраво мегарданд, на интихобӣ. Он чуноне, ки ҳастиву мавҷудияти ҳар як шахс аз иродаи худи ӯ вобастагӣ надорад, ба сари қудрат омадани подшоҳон низ, аз иродаи одамон вобастагӣ надорад. Мисоли «тан» ба манзалаи як «мулк» аст. Чашму забон, дасту пой, ва дигар узвҳо, ходимону хидматгорони мулки бадананд. «Ҷон» подшоҳи мулк асту «хирад» вазири «Ҷон». Чун «Ҷон» ба хирад ҳукм кунад, дарҳол тафаккур менамояд. Чун ба чашмҳо ҳукм кунад, ба тарафҳо назар менамоянд, ба забон ҳукм кунад, дарҳол сухан бигӯяд, ба пойҳо ҳукм кунад, роҳ мераванд ва амсоли инҳо. «Шоҳ»-и мулки баданро, яъне «Ҷон» -ро ба ҳамаи ин узвҳо эҳтиёҷ аст, то ки мамлакати «тан»-ро идора намояд. Яъне «Шоҳ» дар мулки Ватан, ҳамчун «Ҷон» дар мулки бадан аст. Парлумону вазоратҳо, ба манзалаи ақлу хираданд. Дигар сохторҳои ҷаъиятӣ, ба манзалаи ходимону коргаронанд.
Мафҳуми калимаи «Шоҳ» худ, маънои «Ҷон» гуфтанро дорад. Масалан, Ҷамшед – Шоҳ гуфтан маънои Ҷамшед – Ҷон гуфтанро дорад ва ё «Шоҳ-Қубод» маънои «Ҷон — Қубод» гуфтанро дорад ва амсоли инҳо. «Шоҳ-нома», маънои «ҷон-нома» ва ё «нома ба ҷон» гуфтанро дорад. Дар вилояти Хуталон дарёест бо номи «Ох-Шоҳ», ки бо сабаби аз байн рафтани тамаддун, ба ғаллат номи «Оқ-сӯ» ва ё «Ёх-Су»-ро ирифтааст. «Ох-Шоҳ», маънои «Рӯди ҷонбахш» гуфтанро дорад ва наҳри бисёр бо хайру бобаракате дорем бо номи «Вах-Шоҳ», ки маънои «Наҳри ҷонбахш»-гуфтанро дорад. Дар китобҳои «Хазинаи тибби қадӣм», ҳар як дардеро давое ва ҳар як заҳреро «под-заҳр»-е ҳаст. Маслан давою «под-заҳр»-и қаламфури тез, наботу асал аст ва давову, «под-заҳр»-и моргазида, тарёк-(афюн) аст, ки ин терминро дар тибби қадӣм «под-заҳр» меноманд. Мафҳуми калимаи «Под-Шоҳ, маънои «Давои Ҷон» гуфтанро дордад. Яъне Под-Шоҳ, ба манзалаи «давои ҷон»-ҳои мардумони ҳамон мулку мамлакат. Барои исботи ин гуфтаҳо аз асари «Мусиббатнома»-и шоир, мутафаккири асри 13, Фаридаддини Аттор (1148-1220) ва аз асари «Тилисми ҳайрат»-и шоир, файласуфи асри 17, Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720), иқтибос меорем, кӣ ҳарду бузургони олам ин қавлро дар ҳақиқат тасдиқ кардаанд, чуноне, ки гуфтаанд: «Шоҳе, бо номи Рӯҳ, яъне Ҷон, аз олами Боло фуруд омада, дар мулки Бадан маскан гирифт ва бо Мизоҷ ном дӯшизаи ин макон издивоҷ карда, соҳиби фарзанде шуд бо номи Сиҳат. Шоҳ, яне Ҷон бо мақсади интихоби манзили доимӣ қалъаҳои Димоғ, Ҷигар ва Дилро муоина намуда, дар паноҳи Дил иқомат гузид. Ӯ аз муқаррабони Дил — Фараҳ, Муҳаббат, Умедро мулозим хонда, Хавф, Ғам ва Адоват-ро аз Бадан хориҷ намуд. Бо ҳокимони мулк-Балғам, Хун, Сафро ва Савдо инъомҳо дода, дар мулки Бадан адлу амонӣ ҷорӣ намуд. Вале ин осоиш дер давом накард. Дар миёни ҳокимони мулки бадан низоъ бархоста, боиси ҳуҷуми Хавфу Ғам ва Адоват бар зидди Шоҳ гардид. Шоҳ, надимони худ Фараҳ, Муҳаббат ва Умедро ба назди Ҳусн, Ишқ ва Ақл фиристода, аз онҳо мадад хост. Аз ин миён танҳо Ақл бо лашкари Ахлоқ ба имдоди Шоҳ шитофта, мухолифи ӯ, Хавфу Ғамро мағлуб ва зиндонӣ кард. Вале Адоват аз ҷазо раҳоӣ ёфта, ба қасди интиқом аз Мараз ёрӣ талабид. Мараз дар таркиби Ғизо дохили Бадан гардид. Аз ин кор Сиҳат огоҳ шуда, аз Ақл мадад хост. Ақл бо кумаки Парҳез, Маразро аз бадан дӯр ронд. Аммо бо асари Парҳез, Заъф ба Бадан роҳ ёфта, бо дастгирии ҳокимони мамлакат-Балғам, Хун, Сафро ва Савдо бар Ақлу Парҳез шикаст овард. Дар ин асно Хавфу Ғам низ озод гашта, ба муқобили Шоҳ, яъне Ҷон бархостанд. Аз ҳамлаи якҷояи онҳо Шоҳ ба танг омада, ихтиёри ғурбат кард… Ишқ оинаеро ба Шоҳ дода таъкид намуд, ки ба он назар андозад. Шоҳ дар оина нақши заъиферо дида, дар ҳайрат монд. Ишқ ӯро аз асли мақсад воқиф намуда, гуфт, кӣ мурод аз тай намудани манозил ва водиҳо туро аз ҳақиқати тӯ огоҳ кардан буд. Онеро, кӣ ошиқӣ, ҷамоли худи туст ва ин оинае, ки мебинӣ, қалби мусаффост, ки акси аслии туро ҷилвагар сохтааст. Шоҳ чун аз ҳақиқати ҳол огоҳ шуд, аз худ бирафт ва ба ҷаҳони беранг ва олами Боло пайваст». Ин гуфтор аз Шоҳ-и мулки бадан, яъне Ҷон-и дар бадан будаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ дарак медиҳад. Дар гуфторҳои китобҳои муқаддасу достонҳои қадимаи ниёгонамон, калимаи «Шоҳ»-ро бешумор истифода мебарем. Дар рӯзгору рафтору кирдорамон низ мебояд «Шоҳ», яъне «Ҷон»-и мулки Ватан дошта бошем. Бо амри сарнавишт, дар даврони Сомониён мо ба худ номи Тоҷиро гирифтаем. Тоҷиро, Тоҷ мебояд дошт ва лоиқу сазовори Тоҷ, танҳо Подшоҳонанд, чуноне, кӣ Ҳакими Ганҷавӣ мегӯяд:
Ба як Тоҷвар тахт бошад баланд,
Чу афзун шавад, мулк ёбад газанд.
Яке Тоҷвар беҳтар аз сад бувад,
Ки борон бисёр шуд, бад бувад.
Маликзодагонро барафрӯз чеҳр,
Ки то бо ту фирӯз гардад сипеҳр.
Бо гардиши айём, дар соли 1991 забони модариамон «Мақоми Давлатӣ» гирифт. Эҷодиёти азёдрафтаи бузургонамонро аз нав эҳё намудем ва давлати мустаъқили Тоҷикистонро баъд аз 1000-сол бори дигар эњё намудем, чуноне ки мегўянд: об агар сад пора гардад, боз бо њам ошиност. Пас чаро барои пойдории давлати куњанфарњангу тозабунёдамон ва барои амнияту якдиливу ягонагии мардумони кишварамон шоњигарии пешазмелодии ќадимаамонро барќарор нанамоем? Ин гуфторро мебояд дар макотиби тањсилоти умумию олї низ љори намоянд, то ки њар як њонандаи љавон дар мавзўи таърихи Шоњигарии ќадимаи Тољикон амсоли Пешдодиёну Сосониён, Тоњириёну Сомониён тасаввурот дошта бошад, ки ояндаи давлату мамлакатамон њавола ба љавонон аст. 9-уми декабри соли 2015 дар Иљлосияи Шурои Олї, барои фарзанди фарзонаи мардумони Тољикистон, муњтарам Эмом Алиї Рањмон, назария-идеяи мартабаи «Асосгузори Сулњу Вањдати Миллї, Пешвои Миллат» пешнињод гардид ва дар санаи 18-уми декабри соли 2015 ба њукми ќонунї ворид гардид.
Пешвои миллат хондани Љаноби Олї, бисёр нек асту самими аст, вале дар тўли њазорсолањо ќавмњову ќабилањое њастанд, ки бо амри сарнавишт сарзамини Тољикистонро маскани зист интихоб намудаанд, вале миллаташон њамон аст, ки буд. Њар як халќияту миллате, ки зодаи Тољикистон аст, алакай ў узви људонашавандаи «мардумон»-и кишвари азизамон ба шумор меравад. Аҳли кадом як миллату нажод будан, аз иродаи одамон вобастагї надорад. Бо гардиши айём, дар кураи замин давлате вуљуд надорад, ки шањрвандонашон, факат ањли як миллату нажод бошанд. Ҳар як давлати мустаъќил, новобаста аз миллату нажод бо «мардумон»-и кишвараш пойдор аст. Мафњуми калимаи мардум, «мардумак»-и чашм гуфтан аст, ки аљдоди мо аз рўи иззату эњтиром якдигарро «мардум», яъне «нўри чашмон»-и њамдигар мешумориданд. Он ашхосе, ки новобаста аз миллату нажод дар як мулку мамлакат зиндаги мекунанду аз як фазо нафас мегиранду аз як хон, нон мехўранд ва дар чашмони њамдигар, акси якдигарро мебинанд, ин «мардумї» аст,чуноне ки шоир гуфтааст:
Аз мардумаки чашм бибояд омўхт,
Дидан њама касрову надидан худро.
ва ё дар љои дигар
Мардумї кун ба љойи душману дўст,
К-аз мурувват зиён надид касе.
Амир Хусрави Дењлавї дар асараш «Оинаи Сикандарї» гуфтааст:
Касе бар сари халќ зебад Амир,
Ки афтодагонро бувад дастгир.
На њар пой дархурди гоње бувад,
На њар сар сазои кулоње бувад.
Сазои бузургї нашуд њар яке,
Ба љуз «мардум» аммо на њар мардаке.
Ба пешонии «мардум» аз туст нур,
Ки аз нури ту чашми бад бод дур.
Њар он кас, ки бар подшоњ душман аст,
На «мардум»-нажод аст, ањриман аст.
Маро гар ба як љуръа н-ори ба ёд,
Касеро, ки соѓар дињї, нўш бод…
Низомии Ганљави низ дар асараш, Хирадномаи Искандарї гуфта аст:
Сарї кардани «мардум» аз «мардумист»,
Вагар на њама одамї, одамист.
Њама «мардумї» сарфарозї кунад,
Сар он щуд, ки «мардумнавозї» кунад.
Саре к-аз Ту гардад баландигирой,
Ба афкандани кас наафтад зи пой.
Касеро, ки ќањри Ту дар сар фиканд,
Ба помардии кас нагардад баланд… .
Ленинро «Вождь народов СССР» яъне «Пешвои мардумони Иттињоди Шўравї» меномиданд то, ки њамаи миллатњои гуногуннажоди Иттињоди Шўравї, ки аз 14-республикаи гуногунмиллат иборат буд, Ленинро якзайл ќабул намоянд. Адолф Њитлер, ки «натсист» — «миллатгарой» буд ва њамаи сарони давлаташро новобаста аз илму маърифаташон аз «ориёинажод»-њо интихоб менамуд. Миллатњои ѓайриориёї Адолф Њитлерро ќабул намедоштанд. Барои њамин њам бо он ќадар ќудрату салобате, ки дошт, маѓлуб гардид. «Лидер натсий» – «Пешвои миллат» хондани Љаноби Олї, бисёр самими асту гуворо аст, вале аз рўи гуманизм, ин мартаба боиси хиљолати миллатњои ѓайритољики ватанї мегардад. Дар миќёси љумњуриямон таќрибан 30%-35% дар сади ањолии кишварамон, миллатњои ѓайритољиканд. Андеша мекунам, ки Љаноби Олимаќомро «Лидер Народов Таджикистана» яъне «Пешвои Мардумони Љумњурии Тољикистон» мехондем, барои њамаи миллатњои љумњуриамон, амсоли Ўзбеку Туркман, Русу Бадахшонї ва дигар халќияту ќавмњо маќбулу гуворо мебуд. Шарњи муфассали ин гуфторро дар китобам тањти унвони «Асари Аср» бо тарзи мукаммал баён намудаам. Ин буд шаммае аз гуфтори «Асари Аср», ки ба самъи њаводорни каломи бадеъ ва ањли маъонї расонидем.
Раҳмат Шералиев
омӯзгор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ