Гулрухсор: Агар дидори ман хоҳӣ, биё бар хонаи дарё
“Хонаи дарё” — гулчини ғазалҳои шоири шинохта Гулрухсор Сафиева дар шаҳри Душанбе рӯнамоӣ гардид. Шеърҳои китоб дар 50 соли охир навишта шудаанд. Муаллиф барои таҳияи китоб беш аз 5 сол заҳмат кашидааст.
Дар рӯнамоии китоб, ки 14 сентябр дар Маркази фарҳангии “Бохтар” гузашт, зиёиёну ҳаводорони шеъри тоҷик, ҳамзамон меҳмонон аз Русия, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳоланд иштирок намуданд.
Дар ин маҳфили адабӣ, аз ҷумла, Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, мунаққид ва муҳаррири китоб Абдураҳмони Абдуманнон, бастакори маъруф Толибхон Шаҳидӣ ва нависанда Гулсифат Шаҳидӣ, дипломат ва шоир Назруллоҳи Назар, шоира Раъно Зоирдухт ва дигар чеҳраҳои илму адабу фарҳанг ҳузур доштанд.
Гулрухсор ҳангоми баромад гуфт, ки адабиёти тоҷик шоирони бузург зиёд дорад, бинобар ин, завқи мардуми тоҷик баланд аст.
“Ман шоири шумо шуда, ҷазо гирифтам. Шоири шумо будан ҷазост. Зеро дар сатҳи шумо ва барои шумо шеър гуфтан душвор аст”, — гуфт Гулрухсор.
Шоири тоҷик гуфт, ки номи маҷмаа аз ғазали “Агар дидори ман хоҳӣ, биё бар хонаи дарё” гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Гулрухсор Сафиева барои саҳми арзандааш дар адабиёти тоҷик бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. Осори ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфият пайдо кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ