Хайрулло Ҳайдаров: Артиши миллӣ фарзанди Пешвои миллат аст
23-юми феврал Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Артиши миллии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки кишвар дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дошт ва ояндаи ҷумҳурӣ зери суол рафта буд. Вале давоми беш аз се даҳсола Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли мо табдил ёфт. Дар ин мавзуъ суҳбате доштем бо полковники мустаъфии Вазорати мудофиа Хайрулло Ҳайдаров.
– Шумо шоҳиди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ҳастед. Бинобар ин, мехостам бигӯед, ки кишвари мо дар чӣ шароите соҳиби Артиши миллӣ шуд?
– Бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон Президенти кишварамон, сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Бо қатъият метавонам бигӯям, ки Артиши миллии Тоҷикистон фарзанди Пешвои миллат аст. Зеро Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар замоне ташкил шуд, ки Ватани азизамон Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ, кашмакашҳои дохилӣ, зиддиятҳои мазҳабӣ ва талаву тороҷи моликияти давлатию шахсӣ қарор дошт.
Аз Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ба мо тоҷикистониён чизе мерос намонда буд. Афсарони рус, беларус, украин ва дигар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, ки дар комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон хизмат мекарданд, ба кишварҳои худашон рафтанд, аз техникаи ҳарбӣ ҳам чизе намонда буд.
Ҷанги бародаркуш, фирорӣ шудани беш аз як миллион аҳолии кишвар, зиёда аз 150 ҳазор ҳалокгардида, даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматии тамоман харобшуда, беш аз 60 ҳазор кӯдакони ятиммонда… иқтисодиёти кишварро қариб 30 сол қафо партофт.
Дар чунин вазъият сарвари тозаинтихоби кишвар, Пешвои миллат тасмим гирифтанд, ки Артиши миллӣ таъсис ёбад, зеро бе мавҷудияти Артиш ва базаи мустаҳками моддиву техникии он таъмини суботу оромии мамлакат ғайриимкон аст.
– Шумо дар он давра ба чӣ кор машғул будед ва дар таъсиси Артиши миллӣ чӣ саҳм доред?
– Ман комиссари ҳарбии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) будам ва шоҳиди иғвоҳои бадхоҳони миллати тоҷик ва оғози ҷанги шаҳрвандиву нерӯ гирифтани мухолифин будам. Вале ман бекор нанишастам. Дар ноҳияи Рӯдакӣ гурӯҳи муҳофизон ташкил кардам. Дар ҳамон шабу рӯз дар ҷануби кишвар Ҷабҳаи халқӣ таъсис ёфт. Аз 700 нафар ихтиёриёни ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиаткарда 478 нафарро интихоб карда, ба ҷабҳа дохил кардам. Яроқу аслиҳа доштем, захира карда будем…
10-уми ноябри соли 1993 мо – командирони Ҷабҳаи халқиро, ки беш аз 10 нафар будем, ба Ситоди Дивизияи 201-ум даъват карданд. Бо иштироки Пешвои миллат ва як гурӯҳ афсарон ҷаласа баргузор шуд. Сарвари давлат маҷлисро ифтитоҳ намуда, аҳамияти таъсиси Қувваҳои мусаллаҳро барои Тоҷикистон шарҳ доданд ва эълон карданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро барпо мекунад ва вазири мудофиаро муаррифӣ намуданд. Албатта буданд нафароне, ки дар чунин шароит ба таъсис ёфтани Артиш бовар надоштанд. Вале азми Пешвои миллат қатъӣ буд.
Ман аз маҷлисгоҳ баромада, рост ба Обигарм рафтам. Рӯзи 11-уми январ маркази ноҳияи Обигарм ва рӯзи 12-ум шаҳраки Роғунро, ки имрӯз яке аз минтақаҳои стратегии кишвар ба шумор меравад, аз гурӯҳҳои мусаллаҳ озод кардем… Пас аз ин, ман ба вазифаи хеш баргаштам.
Пасон аз Вазорати мудофиаи навтаъсис, моҳи марти соли 1993 супориш шуд, ки як баталиони тирандоз ташкил кунем. Бештар аз 300 нафарро даъват ва 171 нафарро интихоб кардем. Рӯйхат бояд дар архиви вазорат бошад.
Аввали соли 1994 маро сардори Раёсати сафарбарӣ ва ташкилии вазорат таъйин карданд. Вазифаи мо тартиб додан ва ташкил кардани сохтори Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбӣ, сохтори комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, таъсиси коллеҷи ҳарбӣ, госпитали ҳарбӣ ва ғайра буд, ки дар як муддати кӯтоҳ иҷро шуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар таъсиси коллеҷи ҳарбӣ, ки имрӯз Донишкадаи олии ҳарбӣ аст, полковникҳо Болтаев Бобоҷон Абдуллоевич ва Бобоҷонов Содиқ Нурматович низ саҳми шоён доранд. Ҳамчунин аз колхозу совхозҳо ва корхонаю муассисаҳои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва Шаҳринаву Турсунзода низ зиёд кумак карданд. Ёди ҳамаашон ба хайр.
– Шумо солҳо сардори комиссариати ҳарбӣ будед ва яке аз вазифаҳои муҳими шумо даъват ба сафи артиш буд. Ин масъала имрӯзҳо низ доғ аст, гарчанде чун солҳои пеш “облава” нест. Барои рафъи ин камбудӣ чӣ бояд кард?
– Саъдии бузургвор мегӯянд:
Гар рост сухан гӯиву дар банд бимонӣ,
Беҳ з-он, ки дурӯғат диҳад аз банд раҳоӣ.
Яъне ин масъала бисёр печида аст. Гап дар сари он ки як муддат онҳое дар сохторҳои мудофиаи кишвар реша давониданд, ки одами ҳарбии воқеӣ набуданд, сода карда гӯем, ба низоми ҳарбӣ аз “ғайб” омада буданд. Бинобар ин, қонунҳои давлат, фармонҳои Пешвои миллат дар ҳаво монда буд. “Облава” ҳам реша дар ҳамин дорад. Ҳамин нафарон буданд, ки ҳатто нафақаи маро ҳам ғалат бозҳисобӣ карданд ва қариб 50 фоизи онро намедиҳанд. Гарчанде борҳо то суд муроҷиат кардам, ин масъаларо ҳал накарданд, зеро хатокориҳояшон ошкор мешуд. Шукр, ки дар чанд соли охир ҳарбиҳои воқеӣ ҷойгузини “азғайбомадаҳо” шуданд, облава ҳам тамом шуд. Умедворам, ки дар оянда масъалаи нафақаи ман ҳам ҳали худро меёбад.
Комиссарити ҳарбӣ таҳкурсии Қувваҳои мусаллаҳ аст. Агар танҳо ва танҳо дар асоси қонун, қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои роҳбари давлат кор шавад, ягон мушкил на дар даъват ва на дар давоми хизмат нахоҳад шуд. Мушикли “облава” ҳам нест мешаваду фасодкорӣ ҳам. Фақат пойбанди қонун будан лозим аст.
– Рафиқ полковник, айни замон чӣ рӯзгор доред?
– Соли 1996 маро ба Академияи ҳарбии Штаби генералии Русия фиристоданд. Академияро соли 1997 хатм карда, ба Ватан баргаштам ва бо фармони Пешвои миллат раиси зеркомиссияи ҳарбии Комиссияи оштии миллӣ таъйин шудам ва то поёни кори комиссия кор кардам. Моҳи июни соли 2000 маро вобастаи низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин карданд. Пас аз ду соли хизмат дар Эрон вазъи саломатиам мушкил пайдо кард ва ҳамин тавр баъди 30 соли хизмати тақвимӣ ва 40 соли хизмати ҳарбӣ ба нафақа баромадам. Ҳоло, ба қавле, давлати пирӣ меронам ва дар ҳалқаи фарзандону набераҳо ҳастам.
– Дар охир шуморо ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик мегӯем.
– Ташаккур, ман ҳам ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро табрик мегӯям ва ҳамчун як нафари собиқадор дар охир хоҳиш дорам, ки моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи муқаддаси худ шуморанд ва бо виҷдони пок кор кунанд.
Мусоҳиб:
С. БЕҲРӮЗ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ