Хосияти хуҷандӣ-тоҷикдухтаре аз Стенфорд

То ин замон ба донишгоҳҳои мӯътабари дунё, назири Стэнфорд, Оксфорд, Кембриҷ, Итон, Ҳарвард, Принстон, Колумбия, Ҷорҷтаун аз Тоҷикистон теъдоди ангуштшуморе роҳ ёфтаанд.

Хосият Ориповаи 17–сола аз Хуҷанд аввалин духтари тоҷик аст, ки гранти маблағаш 350 ҳазор долларро ба даст оварда, ба Донишгоҳи Стэнфорди Амрико шомил шуд. Ин донишгоҳ бар асоси рейтинги аз ҳама мӯътабари мактабҳои олии ҷаҳон QS ҳар сол дар радифи се донишгоҳи аз ҳама аввали дунё ҷой мегирад.

Хосият дастпарвари TajRupt, барномаи Азизҷон Азимӣ, нахустин тоҷикест, ки ба донишгоҳи Ҳарвард, низ яке аз мактабҳои олии аз ҳама бонуфузи дунё шомил шуда буд.
Хосият Орипова дар мусоҳибае гуфтааст,ки баробар бо донишгоҳи Стэнфорд боз чанд мактаби олии дигари пурнуфуз, аз ҷумла Донишгоҳи Сиракюс ва Донишгоҳи Колумбия низ ӯро барои таҳсил даъват кардаанд.
«Ман рӯзи 1 январ дархост додам ва рӯзи 8 апрел нома гирифтам, ки маро ба Стэнфорд қабул кардаанд. Гуфтанист, ки ман ба Донишгоҳи Сиракюз низ бо дарёфти гранти маблағаш 160 ҳазор доллар пазируфта шудам. Гузашта аз ин, маро барои мусоҳиба ба Донишгоҳи Колумбия ҳам даъват карданд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун дар Қатар мусоҳиба доштам ва ҳамчунин дар рӯйхатти довталабони Донишгоҳи Норсуэстерн дар Қатар роҳ ёфта будам ва ҳам ба донишгоҳи Дюк,ки дар байни 15 мактаби олии аз ҳама боэътибори Амрико қарор дорад”, – нақл кардааст Хосият.
Ӯ бар ин аст, ки бо шарофати барномаи TajRupt тавонист ба Стэнфорд шомил шавад. Ин барномаро Хосият “хонаи дуюми ман” меномад.
«Маҳз дар ҳаминҷо дар баробари омӯзиши раванди ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои пешрафтаи дунё, мо шеваҳои машғул шудан ба корҳои хайрия, рушди эмпатия, рушди лоиҳаҳои иҷтимоиро омӯхтем, аз магистри донишгоҳи Ҳарвард ва бакалаври донишгоҳи Принстон дарси фалсафа ва равобити байналмилалиро таълим гирифтем. Ба бовари ман, ин ҳама омилҳо сабаб шуд, ки ман ба орзуи худ расидам ва донишҷӯи беҳтарин донишгоҳи дунё шудам. Барои ин аз муассиси TajRupt Азизҷон Азимъ хеле сипосгузорам», – мегӯяд Хосият Орипова.
То кунун ба донишгоҳҳои мӯътабари дунё, назири Стэнфорд, Оксфорд, Кембриҷ, Итон, Ҳарвард, Принстон, Колумбия, Ҷорҷтаун аз Тоҷикистон теъдоди ангуштшуморе роҳ ёфтаанд.
Бисёриҳо инро ба хеле заиф шудани низоми таълим дар Тоҷикистон ва ба ҷои таълими илму дониш афзудани таваҷҷуҳ ба умури хориҷ аз таҳсил, назири “маршировка”, ҳамчунин ба пойин рафтани сатҳи тахассуси устодони мактабҳо бастагӣ медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *