Хуҷанд: Оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба”

Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба” дар шаҳри Хуҷанд бо тарҳу ороиши хос навсозӣ мешавад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки ҳоло оғоз шудааст, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Бояд гуфт, ки боғ дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буда, беш аз 6 гектар масоҳат дорад. Дар доираи навсозӣ дар боғ як қатор иншооти муосири фароғатӣ, аз ҷумла фаввораҳои замонавӣ, катҳои истироҳатӣ, чархофалак ва аттраксионҳо барои кӯдакон сохта ва насб карда мешаванд.

Ҳамчунин, сафолакпӯшии роҳравҳо, сабзкориву гулкорӣ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва насби чароғҳои равшанидиҳанда дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Боғи Ғалаба дар яке аз маҳаллаҳои серодами шаҳр ҷойгир буда, бо анҷоми навсозӣ ба як макони замонавиву ҷолиби сайру саёҳат барои сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ мубаддал хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *