Ифтитоҳи Маркази саратоншиносӣ дар шаҳри Хуҷанд
Имрӯз, 18 ноябр зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд.
Бинои нави Маркази саратоншиносӣ аз 6 ошёна иборат аст. Маркази мазкур аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат камназир мебошад.




Маркази саратоншиносӣ аз 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 амалиётхона бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳи клиникавӣ, биохимиявӣ, морфологӣ, имунаферментӣ, ҳуҷраи тадқиқоти ултрасадо ва ташхиси эндоскопӣ мавҷуд буда, дар 5 шуъбаи амалкунанда боз 60 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хоса табибони саратоншинос, ба кор ҷалб карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки иншооти кӯҳнаи марказ ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ