Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси Деваштич: Иншооти ҷашнӣ баъди истифода таъмирталабанд

Раиси ноҳияи Деваштич мегӯяд, ки тамоми иншооти ҷашнӣ баъди ба истифода додан, сифати паст доранд. Як сол нашуда фарсудаю таъмирталаб мебошанд.

Ҳамагӣ ду сол пеш майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич  дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд шуда буд. Тибқи лоиҳа сутунпояи Парчами давлатӣ  аз 50 метр иборат  буда, дар майдони Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич  қомат афрохтааст.

Аммо  4-уми апрел дар пайи боридани борон аз сар то пояи иншооти Парчам нам кашида таҳшин шуд ва ба ҳолати садамавӣ расид. Қариб буд, ки худи Парчам, ки дар баландии 50-метр қомат афрохтааст, ба рӯйи бинои идораи нотариалӣ чаппа мешуд. Аммо  “риштаи умри ин иншоот” то  ҷашни Истиқлолият канда шуд.

Раиси вилоят ба ояндаи Парчам некбин буд

Ҳанӯз 15 феврали соли 2019 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич оғоз бахшида, хушнуд аз он буд, ки ин гуна иншооти ҷашнӣ барои зебогии ноҳия ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст.

Раиси ноҳия чӣ гуфт?

Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич дар робита ба бунёди иншооти хусусӣ ва давлатӣ дар ҳудуди ноҳия гуфт: “Дар соли 2020 дар умум 322 иншоот дар ноҳияи Деваштич бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Шумораи умумии иншооти хусусӣ, ҳамагӣ 5 иншоот, аз ҷумла Маҷмааи модару кӯдак, Парчам, Ҳайкал (Пайкараи Деваштич) ва  як адад боғчаи кӯдакона давлатӣ аст. Аслан ҳамаи ин иншооти давлатӣ то замони раиси ноҳияи таъин шудани ман бунёд шудаанд. Вале сифаташон паст аст. Ҳатто як сол нашуда, фарсудаю таъмирталаб шудаанд”.

Тафсилоти бештарро  дар  ҳафтаномаи “Тоҷиистон” мутолиа намоед.  

Фарзона Муродӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.