Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Изҳороти муштараки чор президент

«Ободии Қирғизистон як омили муҳими амнияти минтақа ва рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад»,

Эмомалӣ Раҳмон, Қосим-Жомарт Тоқаев, Шавкат Мирзиёев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов – роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон рӯзи 9 октябр дар як изҳороти муштарак аз вазъи пешомада дар Қирғизистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карданд. Онҳо изҳори умед карданд, ки «тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва доираҳои ҷамъиятии Қирғизистон кӯшиши лозимро барои таъмину сулҳу оромӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада бо риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунгузории миллиро ба харҷ хоҳанд дод.» «Ободии Қирғизистон як омили муҳими амнияти минтақа ва рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад», — гуфта мешавад дар изҳороти 4 президент

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр дар Қирғизистон боиси эътирозҳои густардае шуд, ки дар ҷараёни он садҳо нафар осеб дида, кори ниҳодҳои давлатии он кишвар фалаҷ шуд. Таҳти фишори эътирозгарон натиҷаҳои интихобот расман бекор карда шуда, президент Сооронбой Жээенбеков изҳор дошт, ки омода ҳаст, баъди ташкили ҳукумати нав истеъфо бидиҳад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.