Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39-40 дараҷа гарм мешавад

 Имрӯз, 28 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 34 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20  дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Шаҳри  Душанбе 

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 2-7 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал  меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм, рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *