Имрӯзи маркази савдои «Садбарг»

Бовар кунед, тартибу низом ва муомилаву фурӯши молу маҳсулот як тараф истад, ҳатто дар роҳравҳои маракази савдои «Садбарг» ва «Мармарӣ» озод роҳ рафта наметавонед.

Агар бо аробачаи кӯдаку оилавӣ бошед, пешпо хӯрда роҳро мегузаред. Зеро тоҷирон берун аз дӯконҳояшон се — чор қатор ва дар рӯи роҳ маҳсулоташонро ба савдо бароварда, боз худашон берун аз мағозаҳо истода савдо мекунанду роҳро маҳкам менамоянд. Агар бо роҳи мошингузар гузаштанӣ шавед, аз ду тараф мошинҳо гузошта шудаанд ва наметавонед, ки роҳ равед. Мо ба савдову хира кардани таъби кас бо чунин ҳолат коре надорем, танҳо роҳро озод монанд, то сокинон роҳат қадам зананд!…

Ба гуфти як рафиқ, агар як нозир бихоҳад, тамоми тартибу низом ва савдои кӯчагиро бартараф мекунад, вале гӯё касе чунин ҳолро намебинад… Дар ҳоле ки маркази савдои «Садбарг» як гӯшаи марказии пойтахт аст!…

Умедворем, ки масъулин мебинанду чора меандешанд!

Ҷамолиддин ФАХРИДДИН,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *