Интернети моҳворавии Starlink расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тамоми расмиёти иҷозатномавӣ, техникӣ ва бақайдгирии давлатии таҷҳизоти интернети моҳворавии Starlink дар кишвар ба анҷом расида, аз 5 феврали соли 2026 фаъолияти он расман оғоз гардид.

Шаҳрвандон ва ташкилотҳо имкон доранд, ки ба хизматрасониҳои интернети моҳворавӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Махсусан дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон, ки дастрасии босуръат ба интернет пештар мушкил буд.

Харид ва дастрас намудани таҷҳизот, инчунин маълумот дар бораи шарту талабот ва тарофаҳои хизматрасонӣ мустақиман аз сомонаи расмии ширкат – Starlink.com анҷом дода мешавад. Нархи таҷҳизот ва хизматрасонӣ аз ҷониби ширкат мутобиқи сиёсати тиҷоратии худ муайян карда мешавад.

Истифодабарандагон метавонанд таҷҳизоти худро мустақилона ба қайд гирифта, фаъол созанд. Ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳоди маълумоти шахсӣ зарур аст, аз ҷумла:

  • нусхаи шиноснома;
  • силсила ва рақами шиноснома;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
  • рақами телефон;
  • маълумоти корти пардохт бо маблағи кофӣ барои хизматрасонӣ.

Оғози фаъолияти расмии Starlink қадами муҳим дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва дастрасии босуръат ба интернет дар саросари Тоҷикистон дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *