Исфара: Ҳилоли Аҳмар ба кӯмаки ҷабрдидагон расид! (Видео)

  Тавре телевизиони минтақавии СМ- 1 хабар медиҳад, бар асари борони пуршиддат ва селфароии шоми 16-август чанде аз маҳалҳои аҳолинишин дар Исфара зери об монданд. Тавре Парвиз Ҷабборзода, раиси бахши Ҷамъият Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба телевизиони СМ-1 хабар дод сел тахмин соати 18:30 шоми 16-август омада 1-1,5 соат ҷорӣ шудааст. Дар натиҷа маҳаллаҳои аҳолинишини Шӯроб, Сомониён, Афғонҳо, маҳаллаҳои 13, 14 ва 15, Навобод, Ҷазира ва Матпарий зери сел монда хисороти зиёди молӣ дидаанд. Тибқи ҳисоботи пешакӣ беш аз 10 хонаҳои истиқоматии сокинон қисман аз сел зарар дидааст.

 

           

Бино ба иттилои бахши Ҳилоли Аҳмар дар Суғд дар пайи омадани сел инфрасохтори шаҳри Исфара хисороти калони молӣ дидааст. Аз субҳи 17-август тайи як соат ҳаракати нақлиёт дар шоҳри Исфара пурра қатъ карда шуд. Дар бештари маҳалҳо хатҳои интиқоли нерӯи барқ осеб дида, трансформаторҳо аз кор мондааст. Қисме аз сокинони маҳалҳо ҳоло аз нерӯи барқ бебаҳра мондаанд.

             

 

Бино ба иттилои масъулин ҳаҷми об дар дарёи Исфара баякбора зиёд шуда дар як сония то ба 15 метри кубӣ баробар шудааст.Талафоти зиёди ҳайвонон ба қайд гирифта даҳҳо нақлиёти сокинонро сел бо худ бурдааст.

             

 

Субҳи имрӯз 17-август бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода ва муовини сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулод ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ситоди вижае созмон ёфта айни замон беш аз 100 нафар наҷотдиҳандагон барои рафъи оқибати селфароӣ корбарӣ карда истодаанд. Ҳамаи сохторҳо барои ёрӣ ба осебдидагон пардохта беш аз 120 нафар ихтиёриёни Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ ба зарардидагон ёрии аввалияи худро расонида истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *