Искандаркӯл, оғози сохтумони бинои замонавӣ
Сохтумони иншооти замонавии сайёҳӣ дар масоҳати 1,08 гектар дар Искандакӯл оғоз гашт.
Раҷаб Аҳмадзода раиси вилояти Суғд дар маросими гузоштани санги асосӣ иншооти сайёҳӣ дар мавзеи Искандакӯл ширкат кард.
Ба иттилои хадамоти мабуотии раиси вилоят, иншооти сайёҳӣ, бо ташаббуси соҳибкорон бунёд мешавад.
Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хизматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахона, ҷойҳои сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.
Искандаркӯл яке аз машҳуртарин ва зеботарин кӯлҳои табӣ Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар қаторкӯҳи Фон, дар ноҳияи Айнии, дар баландии тақрибан 2195 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Кӯл бо оби софу хунуки худ ва ранги кабуд-сабзаш диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад.
Искандаркӯл бар асари фурӯрезиши кӯҳ ба вуҷуд омада, аз он дарёи Искандар ҷорӣ мешавад. Наздики кӯл шаршараи машҳури Искандар воқеъ аст, ки яке аз рамзҳои табиии минтақа ба ҳисоб меравад. Атрофи кӯлро кӯҳҳои баланд ва табиати нотакрор иҳота кардаанд.
Номи кӯл бо номи Искандари Мақдунӣ вобаста аст ва ривоятҳои зиёде дар бораи гузашти ӯ аз ин макон вуҷуд доранд. Имрӯз Искандаркӯл ҳамчун макони муҳими сайёҳӣ, истироҳат ва омӯзиши табиат хизмат мекунад ва яке аз ганҷинаҳои нодири табиии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ