Истихроҷи беш аз 2,8 млн тонна ангишт дар як сол

Соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 2,8 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, ки ин нисбат ба соли 2024 10 фоиз бештар мебошад.

Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, истихроҷи ангиштро 20 корхона дар 15 кон ба роҳ мондаанд.

Ҳаҷми содироти ангишт ба 558,7 ҳазор тонна расидааст. Қисми асосии он – 558,2 ҳазор тонна  ба Ӯзбекистон содир шуда, 474 тонна ба Афғонистон фиристода шудааст.

Аз ҳисоби содироти ангишт Тоҷикистон ҳудуди 6,5 миллион доллар даромад ба даст овардааст. Дар бозори дохилӣ 2,27 миллион тонна ангишт фурӯхта шуд, ки аз ин 800 ҳазор тонна ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва 451 ҳазор тонна ба аҳолӣ рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *