Истирдоди боз як роҳбари ҲНИТ ба Тоҷикистон

Як тан аз роҳбарони собиқи ҲНИТ Раҳматулло Баротов аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Маркази матбуоти УФСБ вилояти Самара рӯзи 13 феврал хабари ба мақомоти амниятии Тоҷикистон супурда шудани Раҳматулло Баротов, яке аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро тасдиқ кард.Бино ба иттилоияи УФСБ Самара, Раҳматулло Баротов моҳи июли соли 2015, ду моҳ қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон тарки кишвар карда, дар Самара ба сар мебурд. Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ки «Баротов аз манъи қарибулвуқӯъи фаъолияти ҲНИТ ва созмони террористӣ эълон шудани он хабардор шуда, ба Русия рафт, вале дар инҷо низ фаъолиятҳояш ба манфиати ҲНИТ-ро идома медод.”

Ӯро моҳи ноябри соли 2018 маъмурони ФСБ дастгир карда, дар аввали соли 2019 тавассути фурудгоҳи «Курумоч”-и шаҳри Самара ба Душанбе фиристодааанд. ФСБ мегӯяд, «маҷбуран берун кардани Раҳматулло Баротов ба кишвари зодгоҳаш бо минбаъд супурдани вай ба таҳти назорати кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданаш сурат гирифт.”

Мақомоти Тоҷикистон расман истирдоди Раҳматулло Баротов аз Русия ва боздошташ дар Тоҷикистонро шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, Баротов бар асоси моддаҳои 187 ва 307 ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва узвият дар созмони мамнӯъ айбдор мешавад.

Дар ду моҳи охир Баротов дуюмин раҳбари собиқи ҲНИТ аст, ки Русия ба Тоҷикистон месупорад. Дар аввали моҳи декабри соли 2018 Наимхон Самиев, роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Исфараро дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия дастгир карда, баъди чанд рӯз ба Тоҷикистон супурданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *