Изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Покистон
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои фалокатовар, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми дӯсти Покистон ва наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор менамоям. Ба тамоми осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ