Кӯшониён. Саҳми муносиби соҳибкорон дар таъмири роҳ
Соли 2025 бо саҳми соҳибкорону сокинон дар ноҳияи Кӯшониён наздики 30 километр роҳи мошингард пурра мумфарш карда шуд. Ҳамчунин, бо саҳми онҳо чанд пули мошингузар ва қуборҳои обпарто иваз шуданд.
Рауф Самадов, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфт, ки соли гузашта соҳибкорон 28 километру 500 метр роҳро пурра бозсозӣ карданд.
Ӯ мегӯяд, бо саҳми онҳо наздики 60 километр роҳи дигар сангфар карда шуд. Ба таъкиди вай бо саҳми сокинону соҳибкорон 9 пули мошингузар таъмир шуда, 2 қубури обпарто иваз карда шудааст.
“Сокинону соҳибкорон дар соли 2025 – ум бо харҷи каму беш 12 миллион сомонӣ дар мумфар кардану беҳтар кардани ҳолати роҳҳои мошингард саҳми шоиста гузоштанд. Имсол ҳам бовар дорем, ки ба хотири истиқболи шоиста аз 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сокинону соҳибкорон дар ободии маҳал ва бозсозии роҳҳо саҳми муносиб мегузоранд”,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ