Качолу. Ё баҳси коршиносонаи караму сабзиву лаблабу дар бораи картошка
26-уми ноябр. Аз бозори “Меҳргон” хаставу лакот бармегардам. Халтаи караму сабзиву лаблабуро кунҷи айвон гузошта, ба хона медарояму бо мақсади каме нафас рост кардан рӯйи кӯрпача дароз мекашам.
Ҳанӯз ҳам караму сабзиву лаблабу пеши назар. Бо ҳамдигар баҳс доранд.
КАРАМ: Аҷоиб рӯзе шуд. «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он»-и Вазорати кишоварзӣ то дергоҳ аз хотири иштирокдорони ин ҷашнвора нахоҳад рафт.
САБЗӢ: Ҳо, рост, бисёриҳо ба ваҷд омаданд. Ман ҳам қариб буд ба рақс дароям. Агар чунин мешуд, карамро ҳам ба базм даъват мекардам.
ЛАБЛАБУ: Ҳаҳаҳаҳ, карам то либосҳояшро мекашиду ба рақс медаромад, рӯз шаб мешуд.
КАРАМ: Шарм гуфтанӣ гап ҳаст. Чӣ дардам гирифта будааст, ки чизи табииро аз танам дур мекардаам? Ҳамон хел бо либос, зебо рақсидан мегирифтам. Аммо, воқеан, ин ҷашн иди мо набуд ку! Барои чӣ ин қадар хушҳолӣ доред?
САБЗӢ: Дар ҳақиқат, хурсандӣ барои чист? Масалан метавонистанд фестивали карам ё лаблабу ташкил кунанд…
ЛАБЛАБУ: “Нони дуюм” гуфтаанд-дия!
КАРАМ: Не, ман ин хел фикр намекунам. Шояд пешрафтҳои имсолаи картошкаро ба назар гирифта бошанд. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда то 18-уми ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 821 340 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст. Бар асоси меъёрҳои физиологӣ талаботи ҳар сокини Тоҷикистон ба картошка дар як сол 92 кг муайян шудааст. Аммо, сарфи назар аз он, ки меъёр 92 кило аст, ҳаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ ба як кас дар 1 сол ба 130 кило мерасидааст.
САБЗӢ: Ҳа-а-а, фаҳмо. Диданд, ки ҳосил зиёд аст, “кам намешавад” гуфта, исроф кардан мегиранд. Набошад, хӯрокҳояшон майлаш, ҳамон бозичаҳои булаҷаб чӣ лозим буданд? Бечора качолу, эъ, картошкаро таҳқир карданд. О, намемонед ҳамон картошкаҳои калонро як кас фурӯшаду ниёзманде ягон хӯроки бамаънӣ пухта, бо аҳли оилааш тановул кунад!?
ЛАБЛАБУ: Лекин, ман фикр мекунам, ки сабаб дигар чиз — таассуб аст. Ба давлати Кипр таассуб шудааст. Дар майдони Авгораи наздикии минтақаи Фамагустаи ин кишвар ҳамасола Фестивали умумикиприи картошка баргузор мешавад.
КАРАМ: Ман ҳам ҳамин хел фикр мекунам, вале шояд таассуб ба ватани “нони дуюм” — Русия шуда бошад.
САБЗӢ: Охир, мо иди миллии “Меҳргон” дорем, ҷашне, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Намешавад, ки ҳар сол дар иди “Меҳргон” пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон, механизаторон, лаблабу, карам, картошка, пиёзу боқило ва дигаронро ҷамъу ҷӯр кунанду базм ороянд?
ЛАБЛАБУ: Сад дар сад дуруст! Масалан, маро Вазорати кишоварзӣ бо роҳандозии фестивал сахт хафа кард. Шояд чандеи дигар ҳам хафа шуда бошанд. Барои ҳамин, агар ҳама дар иди “Меҳргон” ҷамъ оянд, хафагиҳо аз байн мераванд.
КАРАМ: Ман ҳам ба фикратон мувофиқам. Беҳтараш Вазорати кишоварзӣ “Фестивали технологияҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва азотӣ” ташкил кунад. Зеро, пеш аз худнамоӣ аввал замина барои истеҳсоли маҳсулоти босифату арзон муҳайё мегардад ва мардум ба андозаи лозимияшон картошка дастрас мекунанду танзҳое ба мисли хушгӯии зерин аз байн мераванд:
Пахши мустақими радио. Занг:
— Ало, салом, радио аст?
— Бале, мо шуморо мешунавем.
— Бубахшед, маро ҳама мешунаванд?
— Бале!
— Дар мошину маршруткаҳо ҳам?
— Бале! Дар ҳамаи маршруткаҳо ҳоло шабакаи моро гӯш мекунанд!
— Гапамро гӯям мумкин?
— Бале, гап занед.
— Асад, картошка нахар! Дадам ҳозир харида омад. Мефаҳмӣ…
… Дада, мефаҳмӣ…
Чашмонамро боз мекунаму мебинам, ки писарчаи хурдӣ ду дона картошкаи майдаяк дар даст, мепурсад: “Дада, бо ин ҷолачаҳо тӯбчабозӣ кунам?”.
— Майлаш,- мегӯям нимғурма ва боз чашмонамро мепӯшам. Бо мақсаде, ки шояд давоми хоб монда бошад. Аммо не, дигар хоб надидам. Шояд вақти таъбири хоб фаро расидааст.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ