Пешниҳоди баргузор намудани олимпиада аз фанни забони олмонӣ дар Тоҷикистон

1-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм мубодилаи афкор намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, зимни суҳбат таъкид гардидааст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон беш аз 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ба донишҷӯён забони олмонӣ таълим дода мешавад.

Дар баробари ин, озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷлили “Рӯзи омӯзгори забони олмонӣ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳое будаанд, ки дар соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои ҷойдошта баргузор гардидаанд.

Дар идома ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуда, вобаста ба баргузор намудани олимпиада аз фанни забони олмонӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Олмон, ба роҳ мондани табодули барномаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионӣ, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистону Олмон, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар Олмон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти маориф ва илм ва чанде дигар таклифу пешниҳодҳои худро манзур намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *