Киҳо аз шаҳрвандии Русия маҳрум мешаванд? Пешниҳоди нави Путин
Президенти Русия Владимир Путин ба Думаи давлатӣ ворид намудани тағийрот ба лоиҳаи қонун дар бораи шаҳрвандӣ чанд пешниҳод намудааст.
Дар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда агар шахс ба содир намудани амалҳое даст занад, ки ба амнияти Русия хатар эҷод мекунанд, метавонад аз шаҳрвандии додашуда маҳрум карда шавад. Бино ба иттилои расонаҳои Русия, мувофиқи ин санад, қарор метавонад “сарфи назар аз вақти содир шудан ё рӯзи ошкор шудани далели чунин амалҳо, ки ба амнияти Русия хатар эҷод мекунанд”, қабул карда шавад.
Ғайр аз ин, тағйирот рӯйхати ҷиноятҳоеро, ки барои он шаҳрвандии додашударо гирифта метавонанд, зиёд мекунад:
284.1 (амалисозии фаъолияти созмони ғайриҳукуматии хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки нисбати он дар бораи номатлуб донистани фаъолияташ дар Русия қарор қабул шудааст);
207.3 (дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бурдурӯғ дар бораи истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия, доир ба иҷрои ваколатҳои худ аз ҷониби мақомоти давлатии Русия);
280.1 (даъватҳои оммавӣ ба анҷоми амалҳое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии Русия равона шудаанд);
280.3 (амалҳои оммавие, ки ба бадномкунии истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони он, таъмини сулҳи байналмилалӣ ва амният ё аз ҷониби мақомоти давлатии Русия иҷро кардани ваколатҳояшон бо ин мақсад равона шудаанд).
Ғайр аз ин, дар тағйироти аз ҷониби Президенти Русия Владимир Путин пешниҳодшуда барои таҳқири парчам ва нишони кишвар, гирифтан ва додани пора (моддаҳои 290 ва 291), ғоратгарӣ (161), азобу шиканҷа (117), роҳзанӣ (162), рабудани одам (126), тамаъҷӯӣ (163), авбошӣ (213), вандализм (214), ошӯби мусаллаҳона (279), суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ (277), даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ (280) маҳрум кардан аз шаҳрвандии додашуда пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун кам шудани талабот ба зиёда аз 20 категорияи шахсон барои қабул ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ гардида, васеъ шудани ваколатҳои президент оид ба муайян кардани категорияи шахсоне, ки ба гирифтани шиносномаи Русия бо тартиби соддашуда ҳуқуқ доранд, пешниҳод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ