Комроншоҳи Устопириён тарки варзиш мекунад?

Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар даври аввал аз ҷудокори испанӣ Тристани Мосахлишвилӣ шикаст хӯрд. Бо ҳамин ӯ аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Пас аз нокомӣ дар Бозиҳои олимпӣ паҳлавони ҷудо Комроншоҳи Устопириён эълон кард, ки бо ҳамин дигар дар мусобиқоти варзишӣ ширкат нахоҳад кард. Ӯ акнун рӯзгори варзишӣ ё карйераи паҳлавонии худро ба поён мебарад. Аммо сарфи назар аз нокомӣ, дар солҳои охир Комроншоҳ дар таърихи ҷудои тоҷик достонсозиҳои зиёде карда ва рекордҳое дорад, ки ҳанӯз ношикастаанд.

 Ӯ ягона қаҳрамони мусобиқоти ҷудои Осиё дар таърихи ҷудои тоҷик аст, ки ду бор ба ин мақом расид. Мардуми тоҷик борҳо шоҳиди майдондорӣ ва ҳунарнамоиҳои шоиставу ҷавонмардонаи Комроншоҳ дар саҳнаҳои бузургтарини варзишии дунё шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *