Аз самбо то қуллаҳои ҷудо. Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён мавлуд дорад

Комроншоҳи Устопириён 7-уми январи соли 1993 ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва онро соли 2015 хатм кардааст.

Ин варзишгар то соли 2012 дар варзиши самбо гӯштингирӣ мекард ва аз он пас ба варзиши ҷудо рӯй овард. Мураббии аввалини ӯ падараш — Устопир Устопириён буда, баъдтар бародараш Фаридун Устопириён ӯро машқ додааст. Ҳамакнун бо роҳбарии Владимир Елчанинов машқ мекунад.

Комроншоҳ дорандаи унвони «Устоди варзиши байналмилалӣ» аст.

Соли 2021 дар корномаҳои варзишии варзишгари номовари мо Комроншоҳи Устопириён саҳифаи тозаеро боз кард. Ин ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2021» соҳиби медали нуқра гардид.

Пас аз анҷоми мусобиқаи ҷудо дар Абудабӣ федератсия рейтинги ниҳоии қавитарин варзишгарони ҷаҳонро нашр кард, ки раддабандии ниҳоии сол дар байни калонсолон аст ва то охири мавсим дигар тағйир намеёбад. Дар ин рейтинг Комроншоҳи Устопириён якбора чаҳор зина боло рафт ва ҳоло дар вазни 90 кг бо 2497 имтиёз дар ҷойи 13-ум қарор дорад.

Комроншоҳи Устопириён моҳи октябри соли 2015 дар силсилаи Гран-прии ҷудо дар Тошканд ва баъдан дар Ҷоми Осиё-2015 дар Тайван соҳиби медали нуқра гардид. Моҳи майи соли 2015 дар чемпионати Осиё дар Кувайт соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Комроншоҳ аз соли 2012 инҷониб ҳамасола дар қатори даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *