Конибодом “Садои Қу”-ро ба Душанбе меорад
«Садои Қу”- намоиши ҷадиди театри шаҳри Конибодом, ки аз ҷониби режиссёри сатҳи ҷаҳонӣ Авлиёқулӣ Ҳоҷиқулӣ тариқи онлайн ба саҳна гузошта шудааст, санаи 16-уми апрел дар Душанбе ба намоиш гузошта мешавад. Ҳоҷиқулӣ феълан дар Лондон зиндагӣ мекунад.
Намоиши мазкур санаи 12 апрел соати 14:00 (бо вақти Лондон), 18:00 (бо вақти Душанбе) дар ҷашнвораи театрҳо ба таври онлайн нишон дода шуд. Намоиш дар онлайнҷашнвораи Лондон бо забони тоҷикӣ ва субтитри инглисӣ пешниҳод гардид.
“Садои қӯ” 16-уми апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии ҷавонони шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад. Масъулони тетри Конибодм мегӯянд, ки даромад барои тамошои намоишнома тариқи даъватнома ба роҳ монда шудааст.
Нахустнамоиши “Садои Қу”- дар таҳияи коргардони туркмантабори муқими Лондон Овляқули Ходжақулӣ дар рӯзи байналмилалии театр 27-уми март дар Конибодом баргузор шуда буд, ки ҳаводорони театр аз Душанбе ва Хуҷанд низ барои тамошо рафта буданд.
Намоиши мазкур давраи ҳамагирии коронавирус ба таври онлайн-таҳия шудааст. Коргардон дар Лондон бо ҳунармандони театри Конибодом дар режими онлайн рӯйи намоиш кор кардааст.
Гуфта мешавад то ин муддат ҳунармандони ин театр се намоиши дигар бо номҳои “Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” ва “Қобил”- таҳия намуда буданд. Аммо ба таври онлайн таҳияи намоиш дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав аст.
“Садои Қу”- аз рӯи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳоние чун Чехов, Шекспир, Пушкин, Грибоедов, Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯйи саҳна омадааст. Тамоми матнҳоро- низ худи коргардон банду баст кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ