Легионерҳои футболи тоҷик ба куҷо рафтанд?

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвиз Умарбоев ҳамчун футболбози озод аз дастаи «Локомотив Пловдив» (Булғория), ки аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати он бозӣ мекард, ба «ССКА 1948»-и ин кишвар гузашт.

Дар оғози мавсими нави чемпионати Булғория клуби нави Парвиз Умарбоев дар се бозии анҷомдода панҷ имтиёз ба даст овардааст.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев клуби футболи «Торпедо-БелАЗ»-ро, ки аз соли 2021 дар ҳайати он бозӣ мекард, бо дастаи «Ислоч» аз ҳамин кишвари Белорус иваз кард.

«Ислоч» баъди марҳилаи якуми чемпионати Белорус аз дастаи БАТЭ танҳо як имтиёз кам дошта, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.

Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Персеполис»-и Эрон, ки сар аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳайати он бозӣ мекард, ба «Локомотив»-и Ўзбекистон гузашт.

Сафаров қаблан дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳамадонӣ Камолов ба клуби «Паракуэлос Антамира»-и шаҳри Мадрид, ки дар дивизиони 3-юми Испания баромад мекунад, гузашт. Камолов пеш аз ин дар ҳайати дастаи «Райо Махадаондо» бозӣ мекард.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Абдулфаттоҳ Худойдодзода фаъолияти худро дар ҳайати дастаи «Динамо Брест» дар чемпионати Белорус идома медиҳад. Футболбози тоҷик бо дастаи «Динамо»-и Брест барои якуним сол шартнома баст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *