Левакант: Ҷасади духтари нопадидгашта баъди 6 рӯз пайдо шуд

Ҷасади як сокини 19-солаи кӯчаи Борбади шаҳри Левакант, ки рӯзи 21-уми июни соли равон нопадид гашта буд, дирӯз дар мавзеи Пикет -33-и канали Сталин пайдо шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, рӯзи 21-уми июни соли 2022 як духтари 19-сола, сокини кӯчаи Борбад, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левакант бо сабабҳои номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар канали Сталин монда, худро ба оби канал сарозер кардааст. Ба гуфти манбаъ, ҷустуҷӯи ҷасади номбурда аз ҷониби ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон давоми ин рӯзҳо идома дошт, вале натиҷа надод.

— Билохира дирӯз дар ҷараёни ҳамин ҷустуҷуҳо афсари калони бахши Раёсати КҲФ дар шаҳри Левакант хабар дод, ки дар канали Сталин, мавзеи Пикет-33 ҷасади номаълуме болой об баромадааст. Баъди дарёфти маълумот дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат иборат аз 4 нафар ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, ҷасадро аз об бароварданд. Маълум гардид, ки ин ҳамон духтари 19-сола аст, ки рӯзи 21-уми июн даст ба худкушӣ зада буд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки сабаби ин амал маълум набуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ карда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *