Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

САЪДИИ ШЕРОЗӢ (1184-1292)

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар шаҳри Шероз ба дунё омада, дар айёми кӯдакӣ аз падар ятим мондааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта ва дар мадрасаи «Низомия» таҳсили илм намуда аст. Пас аз хатми таҳсил Саъдӣ ба ҷаҳонгардӣ меравад ва Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароунаҳр ва дигар сарзаминҳо мегардад. Дар миёнсолӣ ба зодгоҳаш бар мегардад ва дар синни 108-солагӣ, соли 1292 дармегузарад. Ӯро дар гулгашти Мусаллои Шероз ба хок месупоранд ва ормгоҳаш акнун зиёратгоҳи хоссу ом аст.

Саъдии Шерозӣ қариб ягона шоирест, ки ба тоҷик буданаш махсус ишора кардааст. Дар як тарҷеъбандаш ҷаври мулкдоронро ба фақирон маҳкум карда, бо муқоисаи турки ҷавргару тоҷики бенаво толибона сулҳ хоста ва бо воситаи ин гуфтор нисбати миллии худро чунин маълум намудааст:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунад бар мамолик
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Саъдӣ аз ҷануби Эрон, замини Форс бархоста ва ба Форс нисбат дошта, инчунин забонаш низ форсӣ буд. Аммо байни форсҳову тоҷикон аз қадим дар забон ва мансубияти миллӣ фарқ набуд. Бинобар ин Саъдии Шерозӣ худро тоҷик номидааст.

Адабиёти форсу тоҷик ҳам, ки дар паҳнои бузурги Осиёи Миёнаву Эрон тараққӣ кардааст, бо сабабҳои мазкур ба ҳар ду халқи ҳамхуну ҳамзабон баробар тааллуқ дорад. Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Шерози вилояти Форс таваллуд ёфтааст. Соли ба дунё омадани ӯро устод Садриддини Айнӣ дар китоби ба тавсифи ҳаёт ва эҷодиёти вай бахшидааш бо тадқиқу муқоиса 1204 муқаррар кардааст. Номи шоир Абдулло, лақабаш Муслиҳиддин ва тахаллусаш Саъдист. Номаш баъдҳо аз гуфтор афтода ва ба унвони «Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» машҳур гардидааст. Тарбияи ибтидоиро Саъдии Шерозӣ дар назди падар гирифтааст. Фарзанди дӯстрӯи оила буда аз падар навозишу тарбияи хуб гирифтааст. Дар боби дуюми китоби «Бӯстон»-аш ҷавониро чунин ёд мекунад:

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам
Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Дафтару китоб ва дигар лавозимоти хониш харида махсус ба илмомузиву савод баровардани писар машғул шудани падари арҷманд аз сатрҳои поёнии ёдномаи ӯ равшан мегардад:

Зи аҳди падар ёд дорам ҳаме
Ки борони раҳмат бар ӯ ҳар даме.
Ки дар тифлиям лавҳу дафтар харид
Зи баҳрам яке хотами зар харид.

Барои писари дӯстдошта падар инчунин хотам, ангуштарӣ харида онро ба дасти ӯ гузаронида аст. Аммо Саъдии хурдсолро дар вакти бозӣ ва дур аз канори падар савдогаре бо шириние фиреб карда ангуштарини тиллоро аз дасташ рабуда аст.

Ин лавҳаи ёдбуд – харидани ангуштарӣ барои писарбачагон аз одатҳои қадимии маишати оилавии халқи мо дарак медиҳад.

Солҳои тифлӣ ва таҳсили мактаб гузашта рафтанд. Саъдӣ хониши минбаъдаро дар мадрасаи Низомияи Бағдод давом медиҳад. Мадрасаи Низомияи Бағдод ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XI аз ҷониби вазири хирадманди Салҷуқиён — Низомулмулк бунёд шуда буд, ва унвонаш ҳам аз номи ин вазир аст.

Саъдӣ пас аз хатми мадрасаи мазкур барои таҷрибаандузӣ ва шиносоӣ бо аҳволи мардум ба саёҳат баромад. Аввал ӯ шаҳрҳои Арабистон ва дар бозгашт Рум (Туркия), пас ноҳияҳои гуногуни Эронро давр зад. Ба Осиёи Миёна омада то Қошғар рафт. Аз он ҷо бо саёҳати шаҳрҳои Афғонистон сӯи Ҳиндустон роҳ гирифта, чанде дар шахри Суматон ба тамошои бутон машғул шуд. Саёҳати ин қадар шаҳру ноҳияҳои гуногун барои Саъдӣ материали гаронбаҳои таърихию ҷуғрофӣ ва адабию ахлоқӣ дода буданд ва ӯ метавонист аз хамаи ин мушоҳидаю дидаҳояш мисли Носири Хисрав китоби «Сафарнома» бинависад. Аммо вай ин гуна китобро таълиф накарда аст.

Материали саёҳатҳояш дар китобҳои ахлоқии ӯ «Бӯстон»-у «Гулистон» истифода шудаанд ва ҳам аз ишораву маълумоташ дар ин асарҳо мо аз сафарҳои вай огоҳ мегардем. Чунончӣ дар муқаддимаи «Бӯстон» оварда аст:

Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зӣ ҳар гӯшае ёфтам,
Зӣ ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Ӯ бисёр сафар намуд, фақат дар пиронсолӣ дар ватан қарор гирифт. Рӯзгори фақирона мегузаронд ва ҳар чизе аз хурокӣ боқӣ дошт ба ҳезумкашону бечорагон медод. Соли 1292 дар ҳамон манзили фақиронааш, ки дар беруни шаҳри Шероз (Давлатшох) воқеъ буд, аз олам даргузашт. Бо гузашти айём дар болои қабри ӯ мақбара сохтаанд ва имрӯз марқадаш барҷо буда, атрофи он мавзеи тамошогоҳ аст.

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ҳикоятҳо аз “Гулистон”

ХИРАДИ НӮШЕРВОНИ ОДИЛ

Овардаанд, ки Нӯшервони Одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто фиристод, то намак орад. Нӯшервон гуфт:
– Намак ба қимат биситон то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.
Гуфтанд:
– Аз ин қадар чӣ халал ояд?
Нӯшервон гуфт:
– Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) кард, то бад-ин ғоят расид.
Агар зи боғи раият малик хӯрад себе,
Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.
Ба панҷ байза,ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.

ДУОИ ДАРВЕШ

Дарвеше мустаҷобуддаъва (одаме, ки дуояш аз ҷониби Худо қабул шавад) дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро хабар карданд. Бихондаш ва гуфт:
– Дуои хайре бар ман бикун.
Дарвеш гуфт:
– Худоё, ҷонаш биситон!
Гуфт:
– Аз баҳри Худо, ин чӣ дуост?
Гуфт:
– Дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусулмононро. То ту аз азоби Ҳақ ва халқ аз балои ту бираҳанд.
Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

ДУ ШОҲЗОДА

Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омӯхт ва дигаре мол андӯхт. Оқибатуламр, он яке алломаиаср гашт ва ин яке Азизи Миср шуд.
Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи илми ислом) назар кардӣ ва гуфт:-Ман ба ин салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар маска-нат (бечорагӣ) бимондааст.
Гуфт: -Эй бародар, шукри неъмати борӣ ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавн ва Ҳомон, яъне мулки Миср.

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,
На занбӯрам, ки аз дастам биноланд.
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР!

Ҳакиме писаронро панд медод:
– Эй ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки ба мулку давлати дунё эътимод нест. Симу зар дар сафар маҳалли хатар аст: ё дузд ба якбора барад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар ҳар ҷо, ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.
Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирии подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
–«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

ПОДШОҲ ВА ҒУЛОМИ АҶАМӢ

Подшоҳе бо ғуломи аҷамӣ ғайриараб дар киштӣ нишаст. Ғулом ҳаргиз дарё надида буд ва меҳнати киштӣ наозмуда. Гиряву зорӣ оғоз кард ва ларза бар андомаш (вуҷудаш) афтод. Чандон, ки мулотифат карданд (дилдорӣ доданд), ором нагирифт. Айши малик аз ӯ мунағғас шуд (кайфаш парид). Чорае надонистанд.
Ҳакиме дар он киштӣ буд, ба малик гуфт:
–Агар фармон диҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомӯш мегардонам. Подшоҳ гуфт:
–Ғояти (ниҳояти) лутфу карам мешавад.
Ҳаким фармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғӯтта хӯрд. Пас аз мӯяш гирифтанду пеши киштӣ оварданд. Ғулом ба ҳар ду даст дар суккони киштӣ овехт
Чун (аз об) баромад, ба гӯшае бинишаст ва ором ёфт.
Малик ҳайрон шуд ва пурсид:
–Дар ин ҷо чӣ ҳикмат буд?
Ҳаким гуфт:
Аввал меҳнати ғарқ шуданро начашида буд ва қадри саломати киштиро намедонист. Қадри офият (тандурустӣ) касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.