Мадина Бобоиён ба аёдати чоргоникҳо рафт

Муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Мавзуна Сангиноваро, ки  чанде пеш дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд чоргоник – чор духтар ба дунё овард, аёдат намуд.

Зимнан, номбурда  табрикот ва таманниётҳои раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзодаро ба падару модари хушбахт расонидаст.

Зимни дар вазъи тантанавӣ ба модари чоргоникҳо супоридани шаҳодатномаҳои таваллуд барои навзодон, кумаки пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, муовини раиси шаҳр ҳамчунин изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст ба чоргоникҳо пас аз ба хона рухсат шудан гови ҷӯшоиеро низ ҳадя намояд.

“Модари чоргоникҳо ба роҳбарияти шаҳр барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ташаккур арз намуда, изҳор дошт, ки ба чоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном ниҳодаанд”,-иттилоъ доданд аз мақомоти шаҳри Исфара дар суҳбат бо Pressa.tj.

Бино ба гуфти духтурон ҳолати кунунии модар ва кӯдакон хуб буда, таҳти нигоҳубини доимии пизишкон қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *