Мактаб ҷойи тиру туфанг ва силоҳбадастон нест!

«Ман омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Алияхон Довудова ҳастам. Дар ин курсиҳое, ки мебинед, хонандагони ман, фарзандони ман нишаста, илму дониш меомӯхтанд. Ҳар рӯз дар даст ҷузвдони пур аз китобу дафтар ба мактаб меомаданду баъд аз омӯзиш боз ба хонаҳояшон бармегаштанд. Аммо субҳи 17 сентябр ин макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад зимни ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба харобазор табдил дода шуд».

Мавсуф зикр дошт, ки «ба тамоми низомиёни қирғиз гуфтаниям, ки ин макон ҷойи тиру туфанг нест, ҷойи силоҳбадастон нест, дар ин макон наврасони бегуноҳ дар рӯҳияи дӯстӣ, озодандешӣ, ватандорӣ, вафодорӣ ва сулҳпарварӣ тарбия меёбанд. Мактабро сӯзонидан, хонандагонро мавриди тир қарор додан нишонаи қаҳрамонию далерӣ нест, балки ин даҳшат буда, аз нотавонию бемаърифатии шумо дарак медиҳад».

Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассиса 183 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 17 омӯзгор таълим медод. Дар айни замон дар муассиса ба ғайр аз ошхона ва синфи компютерӣ дигар тамоми бино сӯхтаву валангор гардидааст.

Бояд гуфт, ки 16 сентябри соли 2022, баъди эълони оташбас мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур аз ҷониби низомиёни қирғиз мавриди мушак ва тирпаронӣ қарор гирифта, дар натиҷа пурра сӯхт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.