Мактабҳои Тоҷикистон пурра бо интернет таъмин мешаванд

Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки ҳар як мактаб бо интернет пайваст карда шавад.

Ин масъала дар мулоқоти раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Садулло бо ҳайати ЮНИСЕФ таҳти роҳбарии Кристофер Фабиан, ҳаммуассиси ташаббуси GIGA — баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо қадамҳои татбиқи ин лоиҳаро дар Тоҷикистон муҳокима намуда, оид ба ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.

Зикр гардид, ки солҳои 2025–2030, ки давраи рушди иқтисоди рақамӣ ва навовариҳо эълон шудаанд, шароити мусоид барои татбиқи ин ташаббус фароҳам меоранд.

GIGA – лоиҳаи муштараки ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) мебошад, ки ҳадафаш пайваст намудани ҳамаи мактабҳои ҷаҳон ба шабакаи интернет аст. Барнома то имрӯз 142 кишварро фаро гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *