Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аттестатсияи хатм дар Тоҷикистон бидуни иштироки хонандагон мегузарад

Аттестатсияи  хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор мегардад.

Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони мактабҳо дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад. Дар ин бора имрўз, 1-уми июн  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон  қарор қабул намуд.

Дар асоси қарори ситод вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ зери назорат қарор диҳад. Инчунин, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ  таъсис  диҳад.

Тибқи иттилои вазорати маориф ва илм, дар 7309 синф аттестатсияи хатми 162026 нафар хонандаи синфи 9 ва дар 5517 синф аттестатсияи хатми 123565 нафар хонандаи синфи 11 дар назар дошта шудааст.

Қаблан сомонаи Pressa.tj дар пайи хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар суҳбат бо волидайн ва ҳатто омӯзгорон пешниҳод карда буд, ки аттестатсияи хатм дар мактабҳои Тоҷикистон ва гузоштани баҳои хатмкунандагон ба таври автоматӣ сурат гирад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.