Аттестатсияи хатм дар давраи COVID 19. Пешниҳоди омӯзгор ба вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода

Дар ин шабу рӯзи вазнин ва хуруҷи бемории сироятии коронавирус бархе волидайн ва ҳатто омӯзгорон пешниҳод доранд, ки аттестатсияи хатм дар мактабҳои Тоҷикистон ва гузоштани баҳои хатмкунандагон ба таври автоматӣ сурат гирад.

Аз ҷумла Давлатмурод Ҷумъаев, омӯзгори яке аз муассисаҳои таълимии кишвар ва падари хатмкунандаи мактаб ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод дорад, ки аттестатсияҳои хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чун аттестатсияҳои гузариш автоматӣ гузаронида шавад.

Ӯ дар номаи худ ба вазири маориф менависад:
-Дуруд ба Шумо вазири муҳтарам!
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо барои пешгирӣ ва ҳатто олудашавии ин бемории куруно, ки СҶТ онро пандемия эълон намудааст, оҷиз монд.
Аз ин рӯ, ҳамчун як омӯгор, як падари хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҳамчун як шаҳрванд аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки аттестатсияҳои хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чун аттестатсияҳои гузариш автоматӣ гузаронида шавад.
Зеро аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ҳатто то 200 нафар хатмкунанда таҳсил мекунад. Чун рӯзи 15-уми июн ин хатмкунандагон ба муассиса барои супоридани аттестатсия омаданду худо накарда яке аз инҳо олудаи вирус бошад, баъд чӣ мешавад? Ҳама медонем, ки як нафар метавонад, ҳазорҳо нафарро гирифтор кунад. Шояд миллионҳоро!

Бубинед давлатҳои абарқудрат барои пешгирии олудашавӣ ба чӣ корҳое даст назадаанд!!! Ин дастгирии кӯчаки Шумо метавонад, ҳазорҳо нафарро аз гирифторӣ ба ковид эмин дорад, ки кори хайре мешавад.
Умедворам, пешниҳодамро ба ситоди ҷумҳуриявӣ мерасонед!

Бо эҳтиром,
директори МТМУ N27 ш. Панҷакент, Ҷ/д Рӯдакӣ, д. Панҷрӯд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *