Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боргоҳи бузург дар омода намудани мутахассисон

«…Сохтмони биноҳои таълимию хобгоҳҳои замонавӣ, таъсиси факултету ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, бунёди марказҳои илмиву инноватсионӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо технология ва таҷҳизоти муосир аз дастовардҳои арзишманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бузургтарин маркази илмию таълимӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Зеро аз ибтидои таъсис то имрӯз донишгоҳ  дар рушду такомули соҳаи илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Имрӯз дастпарварони ин боргоҳи илму хирад дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода доир ба дастовардҳои ин боргоҳи илму маърифат мусоҳиба сурат гирифт, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Устод, ҳамагӣ чанд рӯз пеш мардуми Тоҷикистон 30 – солагии  Истиқлолияти кишварро ба таври мутантан ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат Шумо ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро табрик менамоем. Нигоҳи Шумо ба дастовардҳои ДМТ дар замони истиқлолият чист?

— Воқеан ҳам, Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Имсол барои ҷомеаи мо, хусусан, барои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли таърихист. Зеро  22 –уми январи соли равон  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ташриф оварда, бинои таълимии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯёнро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони силсилаи 2-юми бинои хобгоҳи 12 ошёна дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” санги асос гузоштанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат зимни ташриф ба мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими кушодашавии Осорхонаи ба номи Пешвои миллат иштирок намуданд. Осорхонаи мазкур бо фарогирии беҳтарин лаҳзаҳои донишҷӯии Президенти кишвар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи он кас ифодаи олии муҳаббату самимияти ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ хатмкардаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ буда, ҳамеша дастгиру ҷонибдори ташаббусҳои роҳбарияти донишгоҳ дар самти ободкориву созандагӣ мебошанд. Бо ин мақсад дар як саҳни осорхонаи мазкур гӯшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе ифтитоҳ карда шудааст. 

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол, инчунин, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ пешсаф боқӣ хоҳанд монд.

 — Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро маркази асосии омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар кишвар маҳсуб медонанд. Чаро?

— Албатта, дуруст баҳо додаанд. Зеро аз замони таъсис то имрӯз донишгоҳро шахсиятҳои донишманду барӯманди ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, талош намудаанд, ки ин боргоҳи дорои таърихи куҳан ҳамеша нуфузу эътиборашро нигоҳ дорад. Борҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, ба фаъолияти он баҳои арзанда додаанд. Аз ин ҳайати устодону кормандони донишгоҳ илҳоми тоза гирифта, кӯшиш менамоянд, ки мутахассисонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбият намоянд.

Ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардондани корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию хоҷагидорӣ ва ташкилию сохторӣ тадбирҳои муҳим андешида шуда истодаанд. Пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҷараёни таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа омода ва дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасию тасдиқ ва мавриди иҷро қарор гирифтанд.

— Аз фаъолияти Шумо ба сифати ректор наздики 2 сол сипарӣ мешавад. Мушаххасан мегуфтед, ки чӣ ислоҳотро дар раванди фаъолияти донишгоҳ ҷорӣ намудед?

— Бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазбаркунии донишҷӯён, ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардондани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, ҳамчунин,  беҳтар намудани корҳои ташкилӣ ва таълимию методӣ дар сохтори мавҷудаи донишгоҳ тағйиротҳои назаррас ба вуқуъ пайваст. Ҷиҳати мувофиқ сохтани сохтори донишгоҳ ба талаботи тағйирпазирии ҷомеа ва мақоми донишгоҳ, сохтори комилан нави идоракунии донишгоҳ таҳия ва барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Сохтори нав низоми идоракунии донишгоҳро ба танзим медарорад. Инчунин, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохтории нав таъсис дода шуд. Ин имкон медиҳад, ки такроршавии баъзе зерсохторҳоро аз байн бурда, кадрҳои роҳбарикунандаро ба танзим дарорем. Дар сохтори нав, аз ҷумла, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия (дар заминаи вазифаи муовини ректор оид ба илм), маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ, раёсати инноватсия, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, шуъбаи магистратура, шуъбаи назорати сифати таҳсилот, шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ, бахши ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва табодули академӣ, бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ таъсис ёфта, ҳоло  фаъолияти самарабахш доранд.

Маълумотнома

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, 39-сола. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Соли 2004-ум факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст. Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. Аз 27-уми январи соли 2020 инҷониб ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Қобилҷон Хушвахтзода дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовини декан оид ба илм ва тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ, муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ва декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ фаъолияти пурсамар намудааст. Хизматҳои шоистаи Хушвахтзода Қ. Х. бо «Ифтихорнома» — и ДМТ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон қадр гардидаанд. Номбурда муаллифи зиёда аз 190 маводи илмӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба риштаи иқтисод ва ҳамзамон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Молия ва иқтисод”-и КОА-и Федератсияи Россия, ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ва дорандаи унвони профессор аз рӯи ихтисоси баҳисобгирӣ ва омор аз ҷониби КОАФР мебошад.

— Ихтисосҳои нав ҳам таъсис ёфтанд?

— Бале. Дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои сиёсати берунӣ ва дипломатия дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ, таъмини иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, менеҷменти молиявӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук дар факултети молиявию иқтисодӣ, танқиди адабӣ дар факултети филология, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ-хитоӣ), логистика дар факултети иқтисод ва идора кушода шуданд. Дар ҳамаи ин ихтисосҳо аллакай донишҷӯён ҳам дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва ҳам дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил намуда истодаанд. Ҳамчунин, бо назардошти таъсиси ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисодиёти мамлакат ҷавобгӯ факултети баҳисобгирию иқтисодӣ ба факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ тағйири ном кард.   

— Ҳоло  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанд факултет мавҷуд аст?

— Айни замон дар донишгоҳ 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра (111 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умимидонишгоҳӣ), Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 34 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 7 хобгоҳ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда истодаанд.

— Теъдоди устодоне, ки ба донишҷӯён таълим медиҳанд, чанд нафаранд? Дар миёни онҳо академикҳо ҳам ҳастанд?

— Алҳол дар 118 кафедраи донишгоҳ 1585 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13  академик, 14 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 179  доктори илм, 512 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Аз онҳо 1270 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ (штатӣ) ва 315 нафар ҳамчун омӯзгори ҳамкор фаъолият менамоянд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар донишгоҳ 718 нафар омӯзгори дорои унвони илмидошта фаъолият доранд, ки 56,5 фоизро омӯзгорони унвондор ташкил медиҳанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар донишгоҳ аз рӯи 112 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рӯи 84 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура ва 103 ихтисос доктор РhD, доктор аз рӯи ихтисос мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гуруҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

— Албатта, донишгоҳро бидуни илм тасаввур кардан нашояд. Илму амалия таконбахши пешрафти ҳар як муаассисаи олист. Дар ин замина ДМТ чӣ дастовард дорад?

— Ҳамасола бо мақсади ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба соҳаи илм бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи соҳаҳои гуногун олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронда мешавад. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» дар озмун муҳассилини самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иштирок намуда, аз рӯи 7 самти илм — математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ дар шакли тахассусӣ ва ғайритахассусӣ сабқат намуданд. Дастаи олимпии Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани чор ҷойи аввал ва ду ҷойи дуюм ғолиб баромада, сазовори ҷойи аввал ва диплому «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд. Ҳамзамон, дар озмуни макотиби олии кишвар, ки дар вилояти Суғд доир гардид, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми аввалро ишғол намуд. Зимнан, дар факултетҳои донишгоҳ 114 маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамоянд.Таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хуб шудани имкониятҳои илмомӯзии ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бештар аст. Мо аз олимони худ, бахусус, аз олимони ҷавон ва ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ қадами устувор гузошта, бо ҳамин роҳ дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Имрӯз дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 7 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва 14 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 Шӯрои байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғистон фаъолият менамоянд.Дар пояи 5 шӯрои диссертатсионии КОА ФР донишгоҳ, 4 нафар рисолаи докторӣ ва 20 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд, ки аз онҳо 11 нафар устодону кормандони донишгоҳ мансуб мебошанд. Ҳамзамон, дар 14  шӯрои диссертатсионии КОА ҶТ донишгоҳ 3 нафар рисолаи докторӣ, 56 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи доктор Ph.D дифоъ карданд, ки аз ин шумора 38 нафар ба устодону кормандони донишгоҳ мансуб мебошанд.

Соли ҷорӣ дар шӯроҳои диссертатсионии русӣ 24 рисолаи доктори ва номзадӣ,  дар  шӯрои диссертатсионии ватанӣ 3 нафар рисолаи докторӣ, 56 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи доктор Ph.D дифоъ карданд.

— Ҳар сол бо дастгирии Президенти кишвар теъдоди донишҷӯёни тариқи квотаи Президентӣ таҳсилдошта зиёд карда мешаванд. Албатта, имрӯз кам нестанд чунин донишҷӯёне, ки дар ДМТ таҳсил менамоянд. Раёсати донишгоҳ чӣ гуна онҳоро ҳавасманд мегардонад?

— Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо қарор доранд. Тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишҷӯёни мазкур дар донишгоҳ, аз ҷумла, иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ, натиҷаи таҳсил, ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонӣ, таъминот ва истиқомат дар хобгоҳ, таъмини стипендия, ҷалб намудан ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ, озмуну олимпиадаҳо зери назорати бевоситаи раёсати таълими донишгоҳ қарор дорад.

Бо қарори Шӯрои олимон донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намудем.Ин иқдом дар остонаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти кишвар ба хотири дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ гирифта шудааст. 

— Чанд нафар тариқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд?

— Дар 14 факултети донишгоҳ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 259 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз онҳо 157 нафар духтар ва 102 нафар писар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 161 нафар дар хобгоҳ истиқомат мекунад.

— Равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии хориҷӣ дар кадом поя қарор дорад?

— Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ дар робита ба амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сиёсати «дарҳои боз» дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон маҳаки калидист, сарчашма гирифта, батадриҷ рушд карда истодааст. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла, табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ мебошад.

Донишгоҳ ҳамеша макони баргузории чандин ҳамоишҳо, конференсияву мизи мудаввар ва дигар нишастҳои байналмилалӣ ҳаст.

Айни ҳол донишгоҳ бо 286 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаи илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, узви Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. Донишгоҳ узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2020 донишгоҳ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ Созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориро ба тасвиб расонда, бахшҳои гуногуни ҳамкориро бо шарикони нави хориҷӣ оғоз намуд.

— Имсол донишгоҳро чанд нафар хатм намуданд?

— Аз рӯи 3 зинаи таҳсил — бакалавр, мутахассис ва магистратура 5743 нафар хатм намуданд. Аз ин теъдод 226 нафар соҳиби дипломи аъло шуданд.

«Тоҷикистон»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.