Муҳассилини ДМТ метавонанд дар Украина таҳсилро идома диҳанд (видео)

Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имкон доранд, ки минбаъд таҳсили худро дар муассисаҳои олии Украина идома диҳанд. Дар ин росто, байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 12 макотиби таҳсилоти олии касбии Украина шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори ДМТ, професссор Қобилҷон Хушвахтзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аввалин намоиш-ярмаркаи “Study in Ukraine” баргузор гардид. Дар ҳошияи ин намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои олии Украина ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Баъди вохӯрӣ, мо намояндагони 12 донишгоҳу донишкадаҳои ин кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидем. Ин шартномаҳо асосан барои омода намудани мутахассисон дар  ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ равона шудааст.  Яъне, ҳадаф омода намудани мутахассисоне, ки дар бозори меҳнати Тоҷикистон талабот вуҷуд дорад”,-таъкид дошт ректори донишгоҳ Қ. Хушвахтзода.  

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ дар ҳама самтҳо, аз ҷумла бахши илмӣ-таҳқиқотӣ густариш пайдо намуда, аспирантону  унвонҷӯёни донишгоҳ  дастгирӣ мешаванд.

“Мо аз баҳри шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии  Федератсияи Россия намегузарем, баръакс, барои тақвияти фаъолияти онҳо кӯшиш мекунем”,-зикр дошт ректор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *