Бо дипломи ДМТ дар 35 давлати Аврупо кор карда мешавад

Донишгоҳи милии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки аз аккредитатсияи институтсионалии аврупоӣ пурра гузашт ва мақоми худро боз ҳам мустаҳкам намуд.

Ин нуктаро имрӯз, 2-юми феврал Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ироа дошт.

Тавре Қобилҷон Хушвахтзода афзуд, 1-уми сентябри соли 2019 Пешвои миллат зимни ифтитоҳи бинои Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода буданд, ки донишгоҳу донишкадаҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаранд ва таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро ба минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Бо ҳамин мақсад, аз 9 то 15 ноябри соли 2020 гурӯҳи экспертони байналмилалӣ ба ДМТ омада, бо тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ ошно шуданд. Экспертони байналмилалӣ пурра вазъи таълиму тарбияро дар донишгоҳ мавриди омӯзиш, таҳлил ва қиёс ба талаботҳои таҳсилотии аврупоӣ мавриди санҷиш қарор доданд.

«Субҳи имрӯз, 2-юми феврал ба мо хушхабар расид, ки пас аз омӯзиш ва пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дар натиҷаи омӯзиши экспертони байналмилалии Шӯрои Агентии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония (EKKA) донишгоҳро мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф намуд», — закр кард ректори донишгоҳ.

Маврид ба зикр аст, ки EKKA аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳоро дар Эстония ва дигар давлатҳои аврупоӣ ва хориҷа анҷом медиҳад.

Аз соли 2013 EKKA дар Регистри Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ворид карда шудааст. EKKA узви Ассосиатсияи аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA), Шабакаи байналмилалии агентиҳо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (INQAAHE), Шабакаи агентиҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ (CEENQA) ва Таъмини аврупоии сифати таҳсилоти касбӣ (EQAVET) мебошад. Ҳайати EKKA узви раёсати INQAAHE буда, аз ҷониби аъзои Шӯроҳои аккредитатсионии хориҷӣ интихоб мешаванд.

Санади аккредитатсионии EKKA, ки дар доираи баҳодиҳии сифати таҳсилот ба МТОК медиҳад, ҷавобгӯй будани сифати таҳсилотии донишгоҳро ба талаботҳои стандартии аврупоӣ эътироф намуда, қобили қабул ва эътиборнокии барномаҳои таълимии донишгоҳиро дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо тасдиқ менамояд. Санади аккредитатсионии EKKA дар беш аз 35 давлатҳои аврупоӣ эътибор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *