Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси Панҷ: Кӯдакистонҳоро фурӯхта буданд, баргардонида наметавонем

Қисми зиёди кӯдакистонҳо дар ноҳияи Панҷ дар давраи таҷдиди колхозу совхозҳо фурӯхта шудаанд. Имрӯз ба ҷойи онҳо хонаҳои шахсӣ бунёд гардида, дар сурати гирифтани ин хонаҳо ва ба ҳолати аввал баргардонидани кӯдакистонҳо бояд маблағи онро пардохт намуд.

Дар ин бора Зарифхуҷа Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ ба мақолаи интиқодии «Кӯдакистонҳоро фурӯхтанд. Чаро дар Хатлон мушкили рақами 1 ҳал намешавад?», ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj нашр шуда буд, посух гуфт.

Посухи расмии Зарифхуҷа Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ пешниҳоди хонандагон мегардад:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ мақолаи «Кӯдакистонҳоро фурӯхтанд. Чаро дар Хатлон мушкили рақами 1 ҳал намешавад?» ( «Тоҷикистон», №39, 30.09.2020) мавриди баррасӣ қарор дода, бобати ҳалли масъалаҳои дар мақола зикргардида зумрае аз тадбирҳоро амалӣ намудааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки қисми зиёди муассисаҳои томактабие, ки дар давраи таҷдиди колхозу совхозҳо фурӯхта шудаанд, имрӯз соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин буда, ба ҷойи онҳо хонаҳои шахсӣ бунёд карда шудаанд. Дар сурати гирифтани ин хонаҳо ва ба ҳолати аввал баргардонидани кӯдакистонҳо бояд маблағи онро пардохт намуд.

Бо мақсади ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон айни замон дар ҳудуди ноҳия 7 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 952 тарбиятгиранда фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо 35 нафар мураббия ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд, ки аз ин шумора 7 нафараш дорои маълумоти олӣ, 11 нафараш олии нопурра ва 17 нафари дигараш бошад, дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Ҳамзамон имрӯз дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 24 Маркази инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 625 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти «Меҳвар» муассисаи томактабии № 7 таъсис дода шуд, ки айни замон 80 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ минбаъд бо мақсади зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва ба тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Миллатдуст 12.11.2020 16:07

    Ки фурухта бояд чавоб диханд. Бар хилофи Фармони Президент фурухта шудааст. Дар Фармон иншшотхои ичтимои ба баланси Чамоатхо бояд гузаронида шавад гуфта шуддаст.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj