Дар Хатлон кӯдакистонҳоро фурӯхтанд

Мушкили рақами 1 кай ҳал мешавад?

Аз кам будани шумораи кӯдакистонҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон андаке бештар аз 17 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирфта шудаанду халос, ин дар ҳолест, ки наздик ба 500 ҳазор кӯдаки дигар аз таҳсилу тарбия дар боғчаҳо маҳруманд. Ин масъалаи доғро “Тоҷикистон” қаблан низ бардошта буд.

Наргис, як сокини ноҳияи Панҷ мегӯяд, ки дар маҳали зисташ боғча нест, ки фарзандонашро ба он ҷо барад. “Агар шароит муҳайё карда шавад, бе ташвишҳои зиёд субҳ фарзандонамонро ба кӯдакистон супорида ба кор меравем. Аммо афсӯс, ки чунин шароит на дар ҳама ҷо ҳаст” – мегӯяд вай.

“Ҳоло дар саҳро мавсими ҷамъоварии пахта аст. Беҳтар мебуд, кӯдаконро дар кӯдакистон гузошта, ба чиниши пахта мерафтем. Беминнат барои рӯзгорамон каме ҳам бошад, маблағ пайдо мекардем. Ҳозир рӯзи дароз дар саҳро хавотирем, ки бо кӯдаконамон чӣ шуд” – изҳои нигаронӣ мекунад, Наргис.

Дар қатори Наргис даҳҳо волидайн аз кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, тарбияи фарзанд дар муҳити хона назар ба кӯдакистон мушкил аст. Илова бар ин, модаре, ки кӯдаки хурд дорад, ба ҷоеву коре рафта наметавонад.

Малика Шукурзода, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт, дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 153 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, дар ин кӯдакистонҳо наздики 17 ҳазор кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанду бас. Ба марказҳои инкишофи кӯдак бошад, беш аз 20 ҳазор кӯдак ҷалб карда шуданд.   

“Фарогирии кӯдакон ба тарбияи пеш аз мактабӣ 9, 4 дарсадро ташкил медиҳад. Боқимонда, яъне бештар аз 90 дарсади кӯдакон мутаассифона, аз ин ғамхорӣ бенасибанд. Ташкили кӯдакистонҳои нисбатан хурд дар ошёнаи якум ва дуюми биноҳои баландошёна имконпазир аст. Ҳамчунин, дар назди корхонаҳои калони хусусӣ, марказҳои савдо ва бозорҳо метавон кӯдакистон ташкил кард. Чанд маротиба ба масъулин пешниҳод кардем. Аммо афсӯс касе ба гуфтаҳои мо аҳамият намедиҳад”.

Бо вуҷуди кам будани муассисаҳои томактабӣ масъалаи дигаре, ки боиси нигаронист, ин фурӯхта шудан ва ё ба дигар навъи муассиса табдил додани кӯдакистонҳо мебошад.

Ба маълумоти пешниҳодкардаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят, 19 муассисаи томактабӣ фурӯхта шудааст. Боз айнан ҳамин миқдор кӯдакистон ба дигар навъи муассиса табдил дода шудаанд. Аз шумораи умумии кӯдакистонҳои ба қавле фурӯхташуда бештар аз ҳама, яъне ҳашто дар ноҳияи Панҷ мебошад.

Ҳикмат Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ бо тасдиқи ин хабар гуфт, кӯдакистонҳо аз соли 1994 то соли 2000-ум фурӯхта шудаанд. Ӯ мегӯяд, онҳо бо қарорҳои раисони вақти ноҳия ва колхозу совхозҳо фурӯхта шуданд. “Дирӯз номояндагони идораи амволи вилоят барои ҳамин масъала ба ноҳия омада буданд. Баъди омӯзиш гуфтанд, ки як кӯдакистонро барқарор мекунем. Имкони баргардонидани муассисаҳои томактабии дигар вуҷуд надорад”,-афзуд ӯ.     

Дар ҳамин ҳол Шоҳиён Зарифхӯҷа раиси ноҳияи Панҷ дар нишасти матбуотии хеш, ки рӯзи 22 июли соли равон гуфт, қисми зиёди муассисаҳои томактабӣ дар давраи таҷдиди колхозу совхозҳо фурӯхта шуданд. Ӯ иддао кард, ки феълан имконияти баргардонидани кӯдакистонҳо вуҷуд надорад.

— Онҳо сертификат доранд. Ҳоло дар ҷойи ҳамаи кӯдакистонҳо хонаи шахсӣ бунёд шудааст. Барои гирифтани хонаи як шахс маблағи онро пардохт кардан лозим аст. Аз шумораи ҳашт кӯдакистони гуфташуда яктоашро бояд ба ҳолати аввала баргардонем.

Феълан, дар ноҳияи Панҷ шаш муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, ҳамчунин, дар назди 23 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак ташкил шуда, 1 ҳазору 95 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Фарогирӣ дар ин ноҳия андаке беш аз 12 дарсадро ташкил медиҳад.  

Коршиносон мегӯянд, беҳтар мебуд баъди таҷдиди совхозу колхозҳо муассисаҳои томактабӣ дар мувозинати мақомотҳои маҳаллӣ вогузор мешуданд. Мутаассифона, чунин нашуд, ки ин боис ба фурӯхта шудан ва бо дигар мақсад истифода кардани муассисаҳои томактабӣ гардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шудани бинои муассисаҳои иҷтимоӣ манъ аст.

Роҳбари давлат дар яке аз Паёмашон масъулинро муваззаф карданд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро то 30 дарсад расонанд. Аммо мутаассифона, ҳанӯз дар вилояти Хатлон фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ наздики 10 дарсад кардаанд. То як соли дигар метавон фарогириро ба 30 дарсад расонид? Суолест, ки посухашро бояд масъулон бигӯянд.

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *