Марг дар танҳоӣ Актёр Марат Ҳасанов дар Хонаи пиронсолон ҷон дод…

 

Чанде пеш актёр, ҳунарпешаи сирк ва ходими кино Марат Ҳасанов аз дунё гузашт. Реҳлати ӯ бисёр пурдард ва ғамолуд буд, зеро ӯ дар Хонаи пиронсолон, дар танҳоӣ ҷон дод…

 Дар гӯшаи фаромӯшӣ

Чанде пеш телевизиони «Ҷаҳоннамо» аз Хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода гузорише пахш кард, ки дар он ҳунарпешаи пиронсол ва афсурдаву бемор Марат Ҳасанов ба тамоми дӯстону ҳамкоронаш муроҷиат мекард, ки ӯ дар Хонаи пиронсолон қарор дорад… Ӯ эҳтимол дигар аз дунё чизе намехост. Фақат танҳо буду муштоқи суҳбат… Аммо маълум, ки ҳатто пас аз муроҷиат ҳам дӯстонаш ӯро ба ёд наоварданд ва хабаргириаш нарафтанд. Зеро дирӯз вақте барои таҳияи ин матлаб ба чанде аз ҳамкорони ӯ занг задам, ҳатто аз маргаш огоҳ набуданд… Яъне Марат Ҳасанов комилан дар бекасӣ ва танҳоиву фаромӯшӣ ҷон дод.

Кист Марат Ҳасанов?

Марат Ҳасанов 28-уми майи соли 1935 таваллуд шудааст.  Соли 1969 Омӯзишгоҳи сирки Маскавро хатм карда, ба Душанбе меояд ва аз аввалин масхарабозон (клоун) –и Сирки тоҷик шуда, ба кор мепардозад. Ҳунарманди машҳури сирк, Ҷамолиддин Садриддинов мегӯяд: «Соли 1969 Мурод Ҳасанов ба кор омад. Мо дар бинои собиқи сирк кор мекардем. Бо омадани эшон мо — масхарабозон 4 нафар шудем. Аммо баъди каме кор кардан он кас маоши кам ва мушкилоти оилавиро сабаб оварда, аз кор рафтанд.»

Аммо ин рафтани Марат Ҳасанов сабаби дигар дошт. Ӯро олами фарохи кино чун оҳанрабо ба худ мекашид. Зеро ӯ то таҳсил дар омӯзишгоҳ ва кор дар сирк дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба сифати ассистенти режиссёр кор карда, ба кино шавқ пайдо карда буд. Бинобар ин ӯ ба курси олии кинои назди Госкинои СССР дохил шуд ва онро соли 1975 ҳамчун мутахассиси тасвир хатм кард.

Кордониву малака ва маҳорати Марат Ҳасановро ба назар гирифта, ӯро чун мутахассиси касбии тасвирҳо баъди хатм «Ӯзбекфилм» ба кор даъват мекунад. Ҳамин тавр Марат Ҳасанов то соли 1977 ба сифати  директори тасвирҳои кинои «Ӯзбекфилм» фаъолият кардааст.

Соли 1977 бошад, Марат Ҳасанов ба Тоҷикистон баргашта, то соли 1985 ба сифати директори тасвирҳои Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ифои вазифа мекунад.

Дар тарҷумаи ҳоли Марат Ҳасанов омадааст, ки ӯ аз соли 1985 то 1990 ёвари коргардони «Тоҷиктелефилм» ва аз соли 1990 то соли 2009 ёвари коргардони «Тоҷикфилм» будааст. Ҳамчунин номбурда солҳо дар ансамбли «Гулшан» ба ҳайси конферансе фаъолият кардааст.

Марат Ҳасанов соли 1967 ҷонишини директори гузаронидани Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав низ будааст…

Фаъолияти меҳнатии Марат Ҳасанов аз соли 2009 қатъ мешавад. Ҷамолиддин Садриддинов ёдовар мешавад, ки Марат Ҳасанов баъди бознишастагӣ ба сирк бозгаштааст:

«Директори сирк розӣ шуданд. Мо ӯро ба хушнудӣ пазируфтем, аммо баъди ду ҳафтаи кор якбора бедарак шуданд. Баъдан хабардор шудем. ки ӯ бемор асту дар беморхона қарор дорад. Ба дидорбинӣ рафтем, ангушти пояшро бурида буданд. Ва ӯ дигар ба кор набаромад.»

Дар олами кино

Марат Ҳасанов гарчанде ҳунарпешаи сирк буд, аммо пластикаи базеб, воридшавии устокорана ба нақш ва нутқи буррои ӯро ба назар гирифта, режиссёрон ӯро дар филмҳояшон пайваста нақш медоданд. Ҳамин тавр ӯ дар филмҳои  бадеии «Байрақи оҳангар» (1961), «Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…» (1962), «Дороги бывают разные» (1969) «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Ривояти зиндони «Павиак» (1970), «Тайна забытой переправы» (1973), «Ткачихи» («Дугонаҳо» филми телевизионӣ — 1973), «Шераки далер» (филми телевизионӣ — 1976) «Ҳафт зани рабудашуда» (1976), «Молики об» (филми телевизионӣ 1977), «Осада» (1977), «Муҳофиз» (1979), «Камони тиллоӣ» (филми телевизионӣ -1979), «Ҷинояткор ва адвокатҳо» (1981), «Контакт» (силсилафилми телевизионӣ иборат аз 2 серия — 1981), «Саргузашти Муки хурдакак» (филми телевизионӣ — 1983), «Маленький мститель» (1992) нақшҳои ҷолибу мондагор офаридааст.

Соли 1976 дар филми «Комсомолҳо рафтанд»-и «Ӯзбекфилм» низ нақш офаридааст.  Дар киножурнали машҳури «Калтак» Марат Ҳасанов даҳҳо нақш офаридааст.

Ҳамчунин, Марат Ҳасанов директори филмҳои бадеии «Роҳи сафед» (1974), «Муҳофиз» (1979) ва чандин  филмҳои ҳуҷҷатӣ будааст.

Танҳоӣ… танҳоӣ…

-Ҳамсари Марат Ҳасанов рус ё украин буд. Онҳо ду писар доштанд. Охири солҳои 90-ум ҳамсару фарзандонашон аз Тоҷикистон кӯч бастанд ва хонаашонро фурӯхтанд. Марат Ҳасанов бошад, дар Тоҷикистон танҳо монданд. Илова бар ин хонаву дар надоштанд. Аслан бигирем, эшонро на танҳо бекасӣ, балки пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва давраи гузариш шикаст. Он кас ба чунин гузариш омода набуданд. Барои эҷодкор вазнин аст, вақте ғояҳо барҳам мехӯранд… — нақл кард. яке аз ҳамкорони эшон, ки нахост номашро нависем.

Баъд аз бехонаву дар ва бекасу кӯ мондан Марат Ҳасанов ибтидо ба беморхона меафтад ва боз ампутатсияи пойро аз сар мегузаронад. Баъд аз ин ӯро ба Хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода интиқол медиҳанду ӯ бақияи умрашро дар он ҷо сипарӣ мекунад.

Директори Хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода зимни суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки пеш аз марг Марат Ҳасанов аз Хонаи пиронсолон ба беморхона интиқол меёбад ва ӯро пайвандонаш гӯручӯб мекунанд…

Пайвандонаш ӯро пас аз марг соҳибӣ мекунанд, аммо ӯ дар зиндагӣ муҳтоҷи ҳамсуҳбат ва муҳаббат буд…

Душвор аст навиштан дар бораи тақдири талхи ҳунарманд… Бинобар ин суханро ба дарвеши хирадманди ҳазорсола Хоҷа Зулфиқор медиҳам, ки марсияи марги ҳунарманди асилро бихонад…

 

ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ

Ба хотири ҳунарманди беҳамто Марат Ҳасанов

Дар акс: Актёр — Марат Ҳасанов, нависанда — Темур Зулфиқоров, рассом Ирина Димитриевна Ванн ва коргардон Анвар Тураев

Чанде пеш Марат Ҳасанов реҳлат кард…

Ҳунарманди ҳақиқӣ … Масхарабоз… Клоун…  тарки дунё кард…

Аммо, кӣ ӯро ба ёд овард?

ВАО хомӯш!..

Замони Империяҳои бузург сипарӣ шуд…

Замони Ҳунармандони бузург гузашт…

Даври бонкирҳо… сарватмандон… ва ҳарзасароёни кӯчагӣ, ки дар ҷаҳаннам аз забонашон меовезанд, фаро расид…

Театри Марат Ҳасанов холӣ шуд…

Ва худи ӯ ба Хонаи пиронсолон афтод…

Дар асри ХХ саҳнаи тоҷик ду актёр – титанро тавлид кард!..

Яке Ҳошим Гадо, ҳунарманди фоҷиавист, ки ӯро ҳама медонанд…

Дигар Марат Ҳасанови масхарабоз аст, ки қариб касе намешиносад…

Вақте Марат Ҳасанов ба Маскав меомад, ҳунармандони машҳур дар атрофаш ҷамъ мешуданду ӯ консерт медод…

Касе дар ИҶШС, амсоли ӯ Брежнев, Хрушёв, Фидел Кастро, Мао Сзе Дун, Муслим Магамаев, Людмила Зикина ва дигар ашхоси машҳурро ҳунармандона тақлид карда наметавонист…

Боре ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ раис Ӯрунхоҷаев Маратро даъват кард ва дастур дод:

-Сталинро нишон деҳ!.. Ман доҳии зиндаро дидаам…

Марат гуфт:

-Раис! Шумо наметарсед?… Маро пеш намекунед?..

Раис табассум кард:

-Ман аз Сталини зинда наметарсидам, аз Сталини ту, бошад, ҳеҷ гоҳ…

Ин дам Марат чашмонашро пӯшидаву ба сухан даромад…

Ва дар назди раиси ҳайрону ҳаросон  Сталини зинда, чобуқ дар миёни лабон бо монологи беҳамтои Генералисиммус пайдо шуд!..

Ӯрунхоҷаев аз ин қувваи мистикӣ мутаҳаййир шуд…

Ва баъд ҳаросон гуфт:

-Шайтон!… Шайтон… Бирав… Дур шав…

Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳаёти Марат Ҳасанов бешумор буданд…

Марат базми зиндаи оташин ва шодиовари санъат буд…

Ӯро ҳамеша анбуҳи мадҳуши тамошобин иҳота мекард…

Ин муҳаббати воқеии халқ буд!..

Маро ҳамеша на танҳо артистизм ва айнан бенуқсон тақлид кардани одамони бузург, балки матнҳои беҳамтои ӯ ба ваҷд меовард.

Марат онҳоро аз куҷо мегирифт?..

Кӣ ба ӯ мегуфт?..

Кӣ ба нобиғаҳо сухани абадиро илқо мекунад?..

Танҳо Ӯ – Офаридгор!

Чунин ҳунари нафиси ҳаҷвӣ ва воридшавӣ ба нақшро ман боре дар саҳна вонахӯрдаам…

Шояд, танҳо Аркадий Райкини беҳамторо бо Марат Ҳасанов муқоиса кардан мумкин бошад..

Аммо Аркадий Райкин шӯҳрати бемисл дошт… ва монанди роҳҳои пурталотум буд…

Марат бошад, мисли чашма дар кӯҳсор буд, ки пайроҳаи онро на ҳама медонист…

Мо ҳам ин пайроҳаро фаромӯш кардем…

Ин чашмаро низ…

Ва ӯ дар Хонаи пиронсолони бепарастдор ҷон дод…

Ӯ аз танҳоӣ мурд…

Мо гунаҳкорем…

Чист миллат бе шоирон… хирадмандон…ҳунармандони бузург…

Кӣ чунин миллатро мешиносад?

Марат Хасанов на танҳо ҳунарманди бемисли тоҷик, балки ҳунарманди беҳамтои рус низ буд…

Зеро ӯ бо забони шевои русӣ бозӣ мекард, ҳарф мезад ва меофарид….

Аммо Русия низ ӯро фаромӯш кард…

Талх аст, ки сабти консертҳо ва баромадҳои ӯ қариб, ки намонданд…

Мо фақат беҳунарҳои Шоубизнесро сабт мекунем…

Ва чунин гигантҳоро сарфи назар кардем…

Марат!

Ту аллакай аз ғавғои дунё дурӣ…

Моро бубахш!

Аммо шабона, дар кӯҳҳо ман аз Осмонҳои дур садои ханда ва қарсакро мешунавам…

Ин туӣ, ки ба бошандагони биҳишт қиссаҳои қадимии худро мегӯӣ…

Он ҷо театри абадии туст!

Ва он ҷо ҳастанд, тамошобинони абадӣ…

 «Завтра», чопи Маскав.  30. 09 соли 2017

Одили НОЗИР,

«Тоҷикистон» №40 (1238). 04.10.17.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *