Марги корманди БДА дар пайи садамае дар Суғд
21-уми декабр дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштич садаи нақлиёти рух додааст, ки натиҷа Ботурҷон Бобоеви 33-сола корманди шуъбаи БДА- и ҳамин ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Ба навиштаи БДА- и вилояти Суғд дар мошин танҳо худи Ботурҷон будааст. То ба ҳол сабаҳои садама маълум нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бобоев корманди шуъбаи БДА дар ноҳияи Деваштич буд ва аз ӯ 3 кӯдак ятим мондааст. Ҷасади ӯро рӯзи 22-юми декабр дар зодгоҳаш, деҳаи Чуянчии ноҳияи номбурда ба хок супурдаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ