Марги навраси 12-сола пас аз ҳамлаи сагҳои дайду дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар пайи ҳамлаи сагҳои дайду дар ноҳияи Рӯдакӣ навраси 12-сола Ҳаким Давлатов, сокини деҳаи Мирзочул ҷон бохт.

Ҳодиса 15-уми январ рух додааст. Ба иттилои манбаъҳо, наврас баъди ҳамлаи сагҳо бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи “Шифобахш” воқеъ дар шаҳри Душанбе  интиқол ёфта, бо вуҷуди талошҳои табибон, тақрибан 8 соат баъд аз ҳодиса фавтидааст. Ӯро ҳамон бегоҳ ба хок супурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки акси пайкари хунолуди ин кӯдак рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, боиси нигаронии ҷомеа гардида буд. Дар аксҳо дида мешавад, ки наврас бо захмҳои гуногун дар бистари бемористон қарор дорад.

Иноятулло Юсупов, роҳбари Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ,  26-уми январ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки сагҳои дайду дар заминҳои кишти деҳа, дур аз маҳалли зисти кӯдак, ба ӯ ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, наврас барои дидани ҳавзи моҳипарварии оилавӣ ба ин минтақа танҳо рафта будааст.

Ба иттилои Юсупов, пас аз ин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан 100 саги дайду “безарар гардонда шудаанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *