Маскав: Задухӯрди беш аз 60 муҳоҷир дар як сохтмон (аудио+видео)

Бино ба иттилои Lenta.ru, беш аз 60 муҳоҷир дар як сохтмон дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав бо калтакҳо ва чӯбҳо задухӯрд кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, шоҳидон ҳодисаро сабт кардаву наворҳои муноқиша дар “ВКонтакте” пахш шудаанд. Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон дашном медиҳанд ва ба сӯи ҳамдигар партовҳои сохтмонро мепартоянд. Бисьёр иштироккунандагони задухӯрд бо тахта, панҷараи оҳанин ва ҷорӯб мусаллаҳанд.

Роҳгузарон гуфтаанд, ки чун як гуруҳи сохтмончиён дар кор танбалӣ мекунанд, шояд ҳамин боиси занозанӣ шудааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки муҳоҷирон аз кадом кишваранд. Ба пулиси марказӣ дар бораи муноқиша ҳеҷ гуна маълумоте ворид нашудааст. Дар бораи зарардидагон низ гузорише нест.

Навори ҳодисаро инҷо бубинед: https://t.me/tojikistontimes/3238

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.