Мастчоҳ: Фабрикаи ресандагӣ фаъол мешавад

Бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ (собиқ «Олимтекстайлз») ба кор андохта мешавад. Дар ин бора зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин корхона иттилоъ дода шудааст.

Тибқи иттилои масъулин, айни замон корҳои омодагӣ ва таҷдиду навсозии хатҳои технологӣ ҷараён дошта, дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта корхона фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мемонад.

Гуфта мешавад, ки дар корхона коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику турк ният доранд дар оянда маҳсулоти таёр истеҳсол намоянд.

Дар фабрикаи ресандагӣ мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуда, аз ҳисоби корхона аз омӯзиш мегузаранд. Дар назар аст, ки 300 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин шаванд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси соҳибкорони тоҷику туркро истиқбол карда, бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия таъкид кардааст, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода бурда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *