Мастӣ сабаби ҷинояти даҳшатнок дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 45-сола пас аз истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокии спиртӣ ҳамқадаҳи худро ба қатл расонд.
Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, Уктам Назаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамқадаҳи худ Дилмурод Равшанови 29-сола дар як чойхонаи маҳаллӣ баҳси шадид кардааст. Муноқиша барои маблағи ба нӯшокиҳои спиртӣ сарфшуда сар задааст. Дар натиҷаи Уктам Назаров ҳамқадаҳи худро бо банд буғӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ӯ баъдан ҷасади марҳумро тақрибан 30 метр кашола намуда, ба канали обгузар партофтааст. Ҳамзамон, телефони мобилии ӯро гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Мақомоти милитсия баъд аз гузаштани 10 соат гумонбарро дастгир намудаанд.
Айни замон нисбати Назаров аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват менамоянд, ки аз истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намуда, эҳсосоти худро зери назорат нигоҳ доранд, то аз чунин ҳодисаҳои фоҷиабор ҷилавгирӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ