Маҳмадалӣ Қурбонзода: Ҳадаф тарбияи мутахассисони рақобатпазир аст
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар маркази вилояти Хатлон буда, байни дигар донишгоҳҳои кишвар мақоми хоссаро соҳиб аст. Имрўз донишгоҳ дорои Иҷозатномаи фаъолият аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аҳли илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ сохтани рисолати бузурги касби омўзгорӣ, роҳандозӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа, рушди арзишҳои маънавию ахлоқии халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар алоқамандӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талоши зиёде ба кор мебаранд. Чунончи, пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон, пеш аз ҳама, аз сатҳ ва дараҷаи пешрафти соҳаи маориф, илм ва таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар вобастагии ногусастанӣ дорад.
Раванди ҷаҳонишавие, ки имрўз дар тамоми соҳаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайвастааст, тақозои онро дорад, ки мо аҳли илму маориф бояд нишондодҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо бозори меҳнат густариш дода, сатҳи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондодҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем.
Фаъолияти беш аз 45-сола ва ҳадафҳои имрӯза
Фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 45 соли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омўзгорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳамагон маълум аст. Донишгоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаҳои дурнамои ҳукумативу Вазорати маориф ва илмро дар иртибот ба илму маориф дастурамали кори худ қарор дода, дар татбиқи амалии онҳо дар қатори дигар таълимгоҳҳои олии номдори кишвар ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст.
Айни замон ҳадафи асосии донишгоҳ чунин аст:
– таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омўзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктор (PhD) ва доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим.

Самти таълим
Дар донишгоҳ мутахассисон аз рӯйи 94 ихтисос (94 ихтисос дар таҳсили рӯзона), 51 ихтисос дар таҳсили фосилавӣ ва 28 ихтисос дар зинаи магистратура омода карда мешаванд.
Айни замон дар донишгоҳ 20798 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 8579 нафар дар таҳсили рӯзона, 11898 нафар дар таҳсили фосилавӣ ва 321 нафар дар шуъбаи магистратура таҳсил менамоянд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои хориҷӣ диққати асосӣ дода мешавад. Айни ҳол дар донишгоҳ 31 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ дар факултетҳои математика, физика, техникӣ ва технологӣ, педагогӣ ва варзиш, таърих ва ҳуқуқ, сиёсат ва идораи давлатӣ, химия ва биология, технологияи рақамӣ ва ҳифзи иттилоот, гумрук ва таҳлили иқтисодӣ ва 5 гурӯҳи таълимӣ бо забони англисӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ амал менамоянд.
Дар донишгоҳ таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи ду самт – омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст ва бо 36 муассисаи таълимии ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, шаҳри Бохтар, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.
Ҳамзамон, бо 75 корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон, муассисаҳои тиббии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон ва дигар корхонаву ташкилотҳо шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Дар соли таҳсили 2024-2025-ум1450 нафар дар таҳсили рӯзона (аз ҷумла равияи омӯзгорӣ – 807 нафар, равияи ғайриомӯзгорӣ – 643 нафар), 2653 нафар дар таҳсили фосилавӣ, 122 нафар дар шуъбаи магистратура ва 69 нафар тариқи квота донишгоҳро хатм намудаанд.
Дар маркази касбомӯзии ноҳияи Хуросон курси тайёрии назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амал менамояд, ки дар он 21 нафар довталабон аз рӯйи кластери 5-ум омода карда мешаванд. Дар марказ 38 нафар калонсолон дар доираи ҳамкории шарикони рушд бо касби ошпаз, челонгари таъмири автомобил ва кафшергари барқӣ соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Дар соли таҳсили 2024-2025 донишгоҳро 70 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин зиёд аст.

Самти илм
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои фаъолияти илмӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва дар озмоишгоҳҳо корҳои илмӣ дар сатҳи баланд ҷараён мегиранд, маҳфилу семинар, конференсияҳо ва мизҳои мудавваре, ки дар назди факултетҳо ва кафедраҳо ташкил ва баргузор карда мешаванд, ба вусъати илмии донишгоҳ мусоидат мекунанд.
Соли 2024 дар донишгоҳ 28 нафар ва дар соли 2025-ум 25 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Дар соли 2024 дар қатори дигар довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, бо гирифтани 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ дар миёни зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар соли 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла Раҷабов Яҳёҷон Баҳриддинович – донишҷӯи курси панҷуми факултети химия ва биология, ихтисоси химия ва биология, ҷойи якум миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар самти химия ва биология, Тохторова Юлдузхон Саидқуловна – магистранти курси дуюми факултети химия ва биология, ихтисоси биология, дар бахши фанҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ дар самти фарматсевтӣ сазовори ҷойи якум, Сироҷиддинов Афзалшо Камариддинович – магистранти курси дуюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ соҳиби ҷойи дуюм, Карашмаи Мустақимзода – донишҷӯи курси 4-уми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, ҷойи сеюм аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, Сатторова Гулноза Абдурасуловна – донишҷӯи курси 3-юми факултети забон ва адабиёти рус, ихтисоси забон ва адабиёти рус, аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи сеюм аз фанни забони русӣ, Раҳимов Беҳрӯз Абдуҷабборович – донишҷӯи курси 5-уми факултети химия ва биология, ихтисоси химия ва биология, ҷойи сеюм аз рӯйи равияи фанҳои табиатшиносию риёзӣ, аз фанни биология-экология, Латипов Баҳодур – донишҷӯи курси 3-юми факултети физика, ихтисоси физика-информатика, барои ишғоли ҷойи сеюм дар 5-умин Озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” аз рӯйи равияи физика, Холов Шаҳбоз – донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияи рақамӣ ва ҳифзи иттилоот, ихтисоси информатика, барои ишғоли ҷойи сеюм дар Озмуни ҷумҳуриявии “Дизайнер ва барномасози беҳтарин” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” аз рӯйи номинатсияи “Дизайнер ва сомонасозӣ бо татбиқи технологияи муосир”, Хошокова Маъво – донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…)” ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гардиданд, ки боиси ифтихори Раёсати донишгоҳ аст.
Ҳамзамон Комилӣ Абдулҳай Шарифзода дар озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастовардҳо дар равияи фанҳои физика ва астрономия сазовори ҷоизаи “Олими сол-2025” гардид.
Робитаҳои байналмилалӣ
Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шуроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шуроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии робитаҳои илмии байналмилалӣ ба шумор меравад.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Айни ҳол дар ин боргоҳи илму маърифат 65 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 60 нафар, Ҷумҳурии Туркманистон – 2 нафар, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 нафар, Федератсияи Русия – 1 нафар ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон 1 нафар.
Дар соли таҳсили 2024-2025 донишгоҳро 17 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шуъбаи фосилавӣ хатм намуда, сазовори диплом гардиданд.


Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳи мазкур ба шумор меравад. Айни ҳол донишгоҳ бо 36 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад. Аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Алтайи Федератсия Русия, Донишкадаи химикӣ-технологии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, табодули донишҷӯёну магистрони донишгоҳ, ташкили Марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар нақшаҳои дурнамои раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар мадди аввал истода, барои амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Тайи солҳои охир теъдоди зиёди омӯзгорону кормандони Донишгоҳи Бохтар аз Ӯзбекистон, аз ҷумла ба шаҳрҳои таърихӣ, аз қабили Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Хива ва Хоразм сафар карда, робитаҳои илмию фарҳангиро таҳким бахшиданд.
Дар доираи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва ташаббуси раёсати донишгоҳ ва Сафорати Корея аз Донишгоҳи Йонгнами Кореяи ҷанубӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар санаи 5.09.2024 намояндагони донишгоҳи мазкур ташриф оварданд.
Дар фазои тантанавӣ байни донишгоҳҳои мазкур шартномаи ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таълими забони кореягӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи информатика дар зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо ва дар оянда кушодани ихтисоси забони кореягӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ, курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайра баста шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои хониши 2024-2025-ум 13 созишномаю шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ баста шудаанд.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пешрафти кишварҳо, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз робитаҳои гуногунсамти ҳамдигар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, сафарҳои корӣ дар доираи ҳамкориҳои анҷомёфта, умед аст, ки натиҷаҳои хуб ба бор меоранд.
Дар солҳои хониши 2024-2025-ум 18 маротиба намояндагони ДДБ ба номи Носири Хусрав ба хориҷи кишвар сафари корӣ анҷом додаанд.

Ҳамзамон, санаи 20-уми июни соли 2025 ректори Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Ву Яову ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварданд. Дар мулоқот ҷонибҳо бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, иштирок дар конфронсҳои илмӣ, табодули таҷриба, нашри маводҳои таълимӣ ва дигар масоили марбут ба илм созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамаи дастуру супоришҳоро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.
Самти варзиш
Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рўзи ҷаҳонии футбол даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ аз рўи намудҳои футболи хурд, тенниси рўи миз ва шоҳмот байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ дастаи футболи хурди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мақоми сеюмро касб намуд. Дар байни бонувон дастаи теннизбозони донишгоҳ мақоми дувум ва дар байни дастаи шоҳмотбозон – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мақоми сеюмро касб намуданд.
Дар доираи дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар бо супориши раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид бори аввал дар вилоят Лигаи футзали донишҷӯён баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ҳузури 7 дастаи донишгоҳҳои ҳудуди вилоят доир гардид ва марҳилаи ниҳоии он бо маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ дар маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара анҷом ёфт. Дар натиҷаи рақобатҳои шавқовар дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо 25 имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард. Ғолибон бо Ҷом, Ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раёсати донишгоҳ минбаъд низ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро барои роҳандозии тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва баҳри татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ менамояд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ