Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷое, ки ҳамеша холист. Дар сӯги Саёҳат Ҳамроқулова, номзади илми тиб

Дар сӯги Саёҳат Ҳамроқулова, номзади илми тиб, ки бар асари COVID -19 дар синни 59 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт

Ин рӯзро дер боз интизор будӣ. Дар дил орзу мепарваридӣ, ки гирди дастархонат хешу ақрабо, ёру дӯстон, ҳамкоронатро ҷамъ оварӣ. Ёд дорӣ, боре тоқат накарда, ба забон омадӣ:

 – Янга, мехоҳам дар рӯзи 60 – солагиам ба Хайёмам арӯс фарорам.

-Кори хуб мекунӣ, -гуфтам.

 Хайём ҷавони тавоное шудаст. Дар Маскав ду донишгоҳро хатм кард, ҳоло соҳиби кор. Вақти роҳатат расид, бас аст акнун заҳмат кашидан.

Саёҳат дар ҳамон хонае, ки камол ёфтӣ, хонае, ки ҳар ҳафта хабаргирии акаю янга, ки туро ба ҷои падару модар буданд, меомадӣ, дастархон оростаам.  Ҳама гирди он нишастаанд. Акаат Худойқул, писарат Хайём, хоҳарат Сайёра, духтари бо сад умеду орзу калонкардаат Шукрона, додарат Сӯҳроб, Руслан, Рукмина… ҳама сафу ҷамъ. Хайём  ба дуриҳои дур менигарад, гиря дар гулӯи Шукрона ҳалқа задааст. Онҳо туро  интизоранд.

Касе ба дастархон даст намебарад, аз гулӯи касе  об намегузарад. Ҳама ғарқи хаёл. Бори аввал мебинам, ки дар зодрӯзи ту касе намехандад. Хандаҳои баланд ва ширинат ба хотирам расид. Ноаён табассум кардам. Ҳама ҷонибам чашм дӯхтанд.Ҷои табассумро ашки чашм гирифт. Боз сарҳо хам шуданд.   

Чаро дер мекунӣ, Саёҳати заҳматкаши ман? Чашмамон аз раҳпоӣ  канда шуд.  Фаҳмидам, шояд шаб дар бемористон навбатдор будӣ, хаста шудӣ, хобат бурд? Хоб кун, хоб кун, духтараки ширинаки ман. Кор охир надорад. Лаззати ба хотири кор қурбон кардани зиндагиро  ману бародарат хуб чашидаем.

Саёҳатҷон, дилам хиҷил, назди ту худамро гунаҳгор меҳисобам. Ёд дорӣ, рӯзи аввали ба Кӯлоб омаданатро? Синфи шаш мехондӣ. Туро ба мактаб бурдам. Бо хониши аълоят сари маро дар мактаб баланд кардӣ. Муаллимон туро намуна нишон медоданд. «- Аз духтари Робиа Аллаёровна омӯзед» мегуфтанд. Русиро намедонистӣ, вале дар муддати кӯтоҳ аз русидонҳо ҳам русидонтар шудӣ. Мактабро аъло тамом кардӣ, бо дониши худат ба Коллеҷи тиббӣ дохил шудӣ. Коллеҷро ҳам бо дипломи сурх хатм кардӣ. Боре аз ту пурсидам:

– Акнун кор мекунӣ?

– Не мехонам! – гуфтӣ.

Ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ дохил шудӣ, онро  бо дипломи сурх тамом кардӣ. Хоҳарат Сайёра ҳам ба ту пайравӣ карда, барои таҳсил ин донишгоҳро интихоб намуд.

Саёҳат, ин дам сари дастархони 60 – солагиат нишастааму худро маззамат мекунам. Медонӣ барои чӣ? Барои он ки туро аз кӯдакӣ аз муҳити деҳа, оғӯши гарми волидон ҷудо кардам, аз фазои беғубори русто ба ғурбаткадаи шаҳр кашидам. Дилам мекафад, ки кафтари баландпарвозамро банди қафас сохтам.Туро, духтаракам, мусофир кардам. Шояд дар деҳа мемондӣ, сарнавиштат ранги дигар мегирифт? Боз  ҳам диламро таскин медиҳам, ки дар шаҳр худатро пайдо кардӣ. Дӯстони зиёд ёфтӣ, соҳиби хонаю дар шудӣ.

Саёҳат, модар шуданат ҳеҷ аз хотирам намеравад. Таваллуд карданат  вазнин буд. Дам ба дам аз ҳамшираи шафқат мепурсидам, ки чӣ ҳол дорӣ?

– Хавотир нашавед, Саёҳат иродаи қавӣ дорад, – мегуфт дар ҷавоб.

Замоне ки садои навзод –Хайёмро шунидам, дилам ором гирифт.

 Ту маро бибӣ кардӣ.

Саёҳат, мою ту мисли модару духтар будем. Боре ҳасрат кардам:

– Саёҳат, духтарам, пир шудам, дигар мадорам нест, маро кӣ саришта мекарда бошад?

– Ғам нахӯрдед, худам ҳастам, хор шудан намемонам, – гуфтӣ.

Дидӣ, ҳамааш дар хотирам ҳаст. Ҳоло сари дастархон ҳама сафу ҷамъ, аммо ҷои ту холист.  60 – сола шудӣ, духтаракам. 60 – солагиат муборак!

Ана, бародарат сар бардошт, чизе гуфтан мехоҳад, вале гиря гулӯгираш кард, ба утоқи дигар рафт. Намехоҳад касе гиряаашро бинад, аммо ман гоҳ – гоҳ аз сӯрохии дар гиряи ӯро мебинам.

Оҳ, ба хотирам расид, ки ту дигар намеоӣ. Чӣ балое буд ин ковид, ки ба сари ман овард. Лаҳзаҳои охири умрат ба хотирам расид. Ту шабу рӯз дар бемористон будӣ. 16 бемор доштӣ. Аз ҷумлаи аввалин духтуроне будӣ, ки бо ин вабои аср бе силоҳ мубориза доштӣ.

Натарсидӣ, ба қасами духтуриат содиқ мондӣ. Аммо хабари дар паҳлуи беморонат бистарӣ шуданат хоб аз сарам паронд.Шаҳрро воҳима гирифта буд. Бемористон ба коми марг табдил ёфта буд. 12 рӯз бемор будӣ, 12 рӯз бо марг даст ба гиребон будӣ.

Охирин зангамро дар ёд дорам. Нафаскашиат  мушкил буд. Гуфтӣ:

-Янга, худам занг мезанам, шумо хавотир нашавед.

Дилам танг шуд. Охир бародарат, ки ҷонаш баробари ҷонат меларзид, набуд, ки чорае ҷӯяд, такудав кунад, бароят нӯшдоруе пайдо кунад. Ман натавонистам духтарам, табиби мушфиқу ғамхорам, зебову хандонамро аз марг наҷот диҳам. Аз дасти ман ҳеҷ коре намеомад.

Садои тақ – тақи дар риштаи хаёли ҳамаро канда кард.

  • Мулло омад, – гуфт кадоме.

Ҳама бошитоб аз ҷой хестанд. Ва  бошитоб раҳ сӯи манзили охирати ту гирифтанд. Ман ҳам.

Робия Тағоева

Саёҳат Ҳамроқулова, номзади илми тиб, духтури Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов (маъруф бо Якум Совесткий)-и шаҳри Душанбе, дар синни 59 – солагӣ, 13 майи соли 2020, бар асари бемории COVID – 19 аз олам гузашт. Пас аз марг бо Фармони Президент Саёҳат Ҳамроқулова бо медали «Шафқат» мукофотонида шуд.   

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.