Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сардухтури Таваллудхонаи №1 овоза ва ҳақиқати ба гарав гирифтани модару кӯдакро шарҳ дод

Хабари ба гарав гирифтани модару кӯдаки навзод дар  Пажӯҳишгоҳи акушерӣ — генекологии Тоҷикистон, маъруф ба Таваллудхонаи №1-шаҳри Душанбе ба хотири пардохт накардани шодиёна ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдро ба миён овард. Ибтидо ин хабар дар портали “Пайк” нашр шуда, баъдан дар дигар расонаҳои кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Бобоева Раҷаббӣ, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Истиқлол-1 шикоят кардааст, ки табибони Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе  келинаш Бадриддинова Миҷгонаро якҷо бо тифли навзодаш ба гарав гирифтаанд. Гуфта мешуд, ки дар як ҳафтаи бистарӣ будани келин хонадони Бобоева Раҷаббӣ мувофиқи талаби табибон маблағи 1000 сомонии пасандози хонаводаро пурра бурда, ба табибони гуногун супурдаанду то ҳанӯз гӯё хароҷот тамом нашудааст ва табибон барои ҷойи хоб, хӯрок, шодиёнапулӣ боз пул талаб доранд.

Гулҷаҳон Давлатзода, директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ- генекологии Тоҷикистон дар суҳбат бо Pressa.tj тафсилоти хабарро чунин шарҳ дод: 

-Ин тамоман дурӯғ аст. Ин зан нисбати табибони мо туҳматро раво дидааст. Аз тамоми мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ намояндагон омаданд,  санҷиш гузарониданд. Тасдиқи худро наёфт. Ҳатто баробари пахши хабар дар расонаҳои кишвар, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода ба пажӯҳишгоҳ омаданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Раҷаббӣ Бобоева, хушдомани модари таваллудкардаро бозпурсӣ карданд. Ӯ гуфтаҳояшро рад карда ва гуфт, ки журналисте, ки ин хабарро паҳн кард, ( портали “Пайк”) бо ӯ хеши наздик мебошад.

-Оё модару кӯдаки навзод аз таваллудхона ҷавоб шудаанд?

-Не. Кӯдак норасид таваллуд шудааст. Ҳамагӣ 1 килою 300 грамм вазн дорад. 9 рӯз  дар шуъбаи эҳгарӣ, дар ҳолати вазнин нигоҳдорӣ мешуд.  Худоро шукр, ки дирӯз кӯдакро аз кислород баровардем, ба шуъбаи дигар гузаронидем. Табобат ва нигоҳубинро давом медиҳем.

-Аҷиб, пас, чаро ин қазия дар шакли дигар расонаӣ шуд?

-Ин зан ба журналист Аҳмади Иброҳим, ки хеши наздикаш мебошад, занг зада,  пул гирифтанӣ шудааст. Ӯ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқрор шуд, ки ба табибон шикоят надорад ва онҳо келину набераашро нағз нигоҳубин доранд.

-Талаби 1000 сомонӣ барои чист  ва кист?

-Ҳеҷ кас. Ин туҳмат нисбат ба табибони мост. Раҷаббӣ Бобоева ҳамагӣ 200 сомонӣ харҷ кардааст. Ин 200 сомонӣ  ҳам барои хариди памперс ва ягон дору мебошад.

— Раҷаббӣ Бобоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ки келину наберааш барои пардохт накардани маблағ ба гарав гирифта шудаанд…

 -Мантиқро бубинед, чӣ гуна гаравгон мегирем, вақте ки кӯдак дар даруни шиша хоб аст.  

-Воқеан ҳам, дар муассисаи шумо таваллуди кӯдак пулакист?

-Не, ройгон аст. Мо мутахассисони хуб дорем, ки бештари навзодони норасидро табобат ва дар шишаҳои махсус нигоҳдорӣ карда, сиҳату саломат ба  дасти волидайнашон месупоранд. Масалан, тифле, ки ҳамагӣ 900 грамм таваллуд шуда буд, баъди нигуҳибун ба 2 кг расонда, ба дасти падару модараш супоридем. Ин гуна ҳолатҳо зиёданд. Чоргоникҳо ҳам дар пажӯҳишгоҳи  мо таваллуд шуда, имрӯз саломат ба воя мерасанд. Мо умед дорем, ки ин тифлро ҳам  саломат ба дасти волидайнаш месупорем, зеро ҳолаташ рӯ ба беҳбудист.

-->

Шарҳ

11 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Мухайё 10.06.2020 12:11

    Это бред сивой кобылы, кто верит в это? Все мы хорошо знаем, что во всех медицинских учреждениях сдирают с больных семь шкур, и тем более в родильных домах. Оставьте эти сказки. Я уверенна, что женщину напугали, что что то сделают с её внуком и невесткой, поэтому бедняжка отказалась от своих показаний. Предлагаю прокурорскую проверку этого медучреждения.

  2. Маликамо 10.06.2020 15:57

    Одамгари намондаст…чи мехохед э халк,пеши муллову фолбин меравед то100$ метиен чашмтон намепара,барой бехбудии саломати инкадар газаб?хол он,ки саломатиро низ бо пул харида намешавад….тавбааа‍♀️

  3. Abdulaziz 10.06.2020 15:59

    Як касалии дигар пеши духтури уролог меравад ва духтур баъди муоина ва баъзе процедура аз касали 30 сомони талаб мекунад касали бошад ин гарон аст ин процедура он кадар кори мушкил набуд гуфта норозиги мекунад. Духтур ягон гапи зиёдати нагуфта ба у пешниход менамояд, ки ин процедурае ки ман гузаронидамдар ман такрор кунед ман 1000 сомони медихам аммо касали рози нашудаст.

  4. Ozar 10.06.2020 16:00

    Рухшона сиех мекунанд . Хамаи балнецахо е таввалухона бошад е табобатхона , хамаашон касалиера тоб додо тоб дода пули нагзакак мегиранд . Рузи душанбе як хамкорама хохараш занг зад ,ки хамаи духтурра рози кардам боз як таи дигараш ай ким кучо пайдо шуду гуфт хаки мана бте , ин зангуфтаст ман тура намешносам ин санитарка гуфтаст ,ки ту хоб буди ман омада палатая шустам , манда фарк надорад ман сменаро месупорам мпн туро ждат намекунам занг занед ягон кас хаки мара оварда бтияд . Гуфтаст чанд сум биерант , гуфтаст ман як бор палата шустам 20 сом бте , агане ки мада факат 50 сом метан . Ин мардак рафт родом ки хохараша капида наистад . Ба номи ОЛЛОХ хамин суханхоро бо гушом шунидам . 4 набера дорам ай сум додана я чизе шудам . Дар родоми 2 пеши танка . Хамаи РОДДОМХО как нада сум мегиранд . Ино сум нагиранд медсестраи прастояш мошина ай кучо мехара ?

    • Anonymous 14.06.2020 02:39

      Ба фикрам ба кадри дутурхо холиям нарасидед, короновирус тахсир накард ба шумо, ки чони дахо духтурхоро бурд

  5. Насим Абдулазизов 10.06.2020 16:01

    Бояд маоши духтурон зиёд шавад борои ки ин корхо нашавад!!акалан 4500-5000 сомони

  6. Фарход Саъдулло 10.06.2020 16:02

    як савол; кадом хизматрасонии давлатӣ бепул аст? любой хел мегиран любой кас медона любой кас пул мета… чи доду вой мекнен

  7. Rajab 10.06.2020 20:41

    пускай госпожа ответит почему гинеколог в Истиклол сдирал с нас 2100 сомони? тоже келин не отпускала.

  8. Мохирахон 11.06.2020 09:33

    Дар хакикат бепул будани таваллудхона дуруг аст, дар Хучанд низ хамин холат, аз даромадгохи таваллудхона ки даромади то ба родзал рафтана барои анализ гуфта 50 сомон мегиран, лекин чавобаш нест вай анализа, баьд хамрох занхо як сетка дорувори барои худашон мебаранд, 5 пар перчатка, боз 2 рулони калони салфетка, сузандору барои кудакчаи навзод, барои зани таваллуд мекарда, ба гайр аз вай боз баьди таваллуд 450 сомон, алохида барои шуъбаи бачагона 150 сомон маьлум не барои чи, гарчанде ки кори вай шуьба ин нигохубини кудакон аст. Барои анализ гирифтан аз кудаки навзод боз пул, дар кучо дида истодает, ки бепул ягон кор кунанд. Илтимос гапи дуруг назанед, аз дуруг фоидае нест, барьакс боварии мардумро ба Макомоти давлати гум мекунед. Он чи ки аен аст, хочат ба баён нест!

  9. РАХНАВАРДИ РАХГУЗОР 11.06.2020 10:45

    МУАЛЛИМА БА ХИРОҶИ МАМЛАКАТ МЕАРЗАД. ХУДО ЗЕБОИРО АЗ САР ТО ПО ХИРМАНАФШОНӢ КАРДААСТ! НОЗАНИНИ ҲАҚИҚӢ АСТ, ДАР ҲАҚҚАШ ҲАР ЧИ НАГӮЕД!

  10. Ахмад 11.06.2020 17:36

    Кормади раесати мубориза бо чиноети муташаккил ба хонаи Рачабби рафта то соати 11 шаб тахдид карда баенот гирифтааст ки газетаи Пайк ро дуруггу кунад ба чи хотир? Дар навбат истодааст ки кай кормади корупсия баенот гирифта мебарояду у даро яд. Шербаччахо ба пеш суйи як зани бечора!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.