Таваллудхонаи №1-и Душанбе модару кӯдакро ба гарав гирифт

Таваллудхонаи №1 шаҳри Душанбе модару кӯдаки навзодашро ба хотири пардохт накардани шодиёна ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ, ки аслан ройгон мебошанд ба гарав гирифтанд. Дар ин бора партали “Пайк” хабар медиҳад.  

Манбаъ хабар медиҳад, ки Бобоева Раҷаббӣ, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Истиқлол-1 ба редаксияи манбаъи зикр гардида занг зада шикоят, кардааст ки табибони таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе  келинаш Бадриддинова Миҷгонаро якҷо бо тифли навзодаш ба гарав гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар як ҳафтаи бистарӣ будани келин хонадони Бобоева Раҷаббӣ мувофиқи талаби табибон маблағи 1000 сомонии пасандози хонаводаро пурра бурда ба табибони гуногун супурдаанду то ҳанӯз гӯё хароҷот тамом нашудааст ва табибон барои ҷойи хоб, хӯрок, шодиёнапулӣ боз пул талаб доранд. Хонаводаи мавсуф камбизоат будаанд, аз ӯҳдаи пардохти маблағҳои боқимонда талабкардаи табибони Таваллудхонаи №1 намебароянду келинаш якҷо бо кӯдак дар таваллудхона ба ҳайси гарав боқӣ мондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *