Муҳоҷир духтарчаро аз чанги педофил наҷот дод (Видео)

Волидон  Светаи 7- соларо ҳамроҳи Викаи 15- сола  барои бозӣ ба боғи истироҳатӣ фиристода буданд. Вика беаҳмиятӣ мекунаду аз ин марди ношиносе истифода мебарад. Вай худро амаки хуб нишон дода, духтарчаро бо ваъдаи харидани яхмос ва сипас ба хонаашон бурда мондан аз дасташ гирифта мебарад.

Ба шарофати Дауд Аушеви 30 -сола, ки панҷ сол пеш аз Ингушетия ба Самара омада буд, ҷиноят пешгирӣ карда шуд. Дауд ҳамон рӯз дар боғ интизори рафиқаш менишаст. Чашмаш ба ин мард афтод, ки аз дасти духтарча кашолакунон мебурд ва кӯдак худро ба ақиб кашида, кӯшиши раҳо шудан мекарду «ман хона рафтан мехоҳам» мегуфт.

Дауд мегӯяд:

  -Дар авал гумон кардам,ки ин мард шояд амак ё падари духтарча бошад, вале овози духтарчаро шунидам, ки бо исрор мегуфт: «Маро сар диҳед , хона рафтан мехоҳам». Дар дилам шубҳа афтоду ба назди онҳо рафта пурсидам, ки «ба ин духтарча кӣ мешавӣ!»  Света ҷавоб дод, ки «ҳеҷ кас  намешавад, ман ӯро тамоман намешиносам».  Бачабоз (педофил) ба таҳлука афтоду духтарчаро тела карда, бо корд ба ман ҳамла овард. Ба ҷангу хархашаи оғозгардида роҳгузарон ҳамроҳ шуданд.  Бачабоз маро зада, ба замин ғалтонд, дар онҷо шишаи холие буд, онро бардошта, ба сараш задам ва дастонашро ба пушт тобдодам. Дар аввал ҷаъмомадагон гумон карданд, ки ман ба он мард дарафтода, ҷангро оғоз кардаам. Вале ман ҳақиқати ҳолро нақл кардам. Духтарак суханонамро тасдиқ кард. Ва пас аз омадани падари духтарча ман ба роҳи худ рафтам. Ин воқеъа тобистон рӯй дода буд ва маро ҳозир пайдо карданд.

Падару модари Света пас аз ним соли ҷустуҷӯйҳо наҷотдиҳандаи духтарашонро ёфтанду хостанд бо пул қадрдониаш намоянд. Вале Дауд аз пул дасткашида гуфтааст, ки ин корро аз  руйи оини ҷавонмардӣ кардаасту қаҳрамонӣ намешуморад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *