“Мо медонем чӣ гуна аз худ дифоъ кунем” – Ароқчӣ ба Зеленский
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, ба изҳороти Владимир Зеленский дар Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар Доваси Суис вокуниш карда, гуфт, ки Зеленский “бо истифода аз пулҳои молиётдиҳандагони Амрико ва Аврупо” талош дорад зидди Эрон маъракаи зиддиқонунӣ ташкил диҳад.
Ароқчӣ афзуд, ки Зеленский бидуни ҳиҷолат аз “таҷовузи ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон” ҳимоят мекунад ва таъкид намуд, ки “эрониҳо хуб медонанд чӣ гуна аз худ дифоъ кунанд” ва ба кумак аз хориҷ ниёз надоранд.
Зеленский дар Суис гуфта буд, ки ҷаҳон аз эътирозгарони Эрон “ба қадри кофӣ пуштибонӣ накард”.
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ