Моҳи саховат ё гаронӣ? Аз ҳушдори муфтӣ то ҳабси гӯштфурӯшон
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ба яке аз мавзуҳои доғи ҷомеа табдил меёбад. Дар бозорҳои кишвар нархи гӯшт, орд, равған, шакар, картошка ва дигар маводи ниёзи аввал боло меравад. Ин раванд барои қисми зиёди аҳолӣ, бахусус оилаҳои камдаромад мушкилоти ҷиддӣ пеш меорад. Оё ин ҳолат қонуни бозор аст ё беинсофӣ ва сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон?
Талабот ва пешниҳоди бозор
Аз нигоҳи иқтисодӣ, ҳар гоҳ талабот ба мол зиёд гардад, нарх низ боло меравад. Дар арафаи моҳи Рамазон аксари оилаҳо барои рӯзҳои рӯза ва ифтор маҳсулоти бештар харидорӣ мекунанд. Ин афзоиши талабот метавонад ба болоравии нарх оварда расонад.
Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки агар бозор рақобати солим дошта ва захираи маҳсулот кофӣ бошад, болоравӣ набояд аз ҳад зиёд шавад. Дар шароите, ки анборҳо пуранд, болоравии шадиди нарх бештар ба омилҳои дигар вобаста аст.
Чорводорон ва кишоварзон мегӯянд, ки хароҷоти онҳо солҳои охир зиёд шудааст. Нархи хӯроки чорво, сӯзишворӣ, нуриҳо ва хизматрасониҳои нақлиёт боло рафтааст. Ин омилҳо ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонанд. Ҳамчунин, будани миёнаравҳои зиёд дар занҷираи таъминот боис мегардад, ки дар ҳар зина фоидаи худро илова кунад. Дар натиҷа маҳсулот бо нархи баланд ба дасти харидор мерасаду шикоят бештар мешавад.
Назорати шадид ва ҳушдори мақомоти милитсия
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон назорати нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр гардида, чанд фурӯшандаи гӯшт барои боло бурдани беасоси нарх ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд. Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар асоси қарори Суди ноҳияи Сино ду сокини пойтахт – Абдулазиз Абдуллоев ва Фирӯзҷони Маҳмадулло барои худсарона гарон кардани нархи гӯшт 4 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.
Номбурдаҳо дар фурӯшгоҳи “Мағозаи гӯшт”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, “бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ аз ниёзмандии шаҳрвандон истифода бурда, нархи гӯштро беасос баланд кардаанд”. Дар ноҳияи Шоҳмансур низ ду фурӯшандаи дигар – Умед Раҷабов ва Файзулло Ҷалилов барои худсарона боло бурдани нархи гӯшт боздошт шудаанд. Бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур ҳар кадоми онҳо ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум гардидаанд.
Мақомоти милитсия таъкид мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ки талабот ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ бештар мегардад, баъзе тоҷирон талош менамоянд аз вазъият истифода бурда, нархҳоро сунъӣ боло баранд. Ба гуфтаи мақомот, чунин амалҳо ғайриқонунӣ буда, нисбати қонуншиканҳо тадбирҳои маъмурӣ андешида мешавад. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз соҳибкорону тоҷирон даъват кард, ки “инсофро пеша карда”, аз худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон худдорӣ намоянд.
Аҷиб ин аст, ки асосан милитсияи шаҳри Душанбе чунин рейдҳоро дар бозорҳо мегузаронад, аммо дар дигар манотиқи кишвар чунин нест. Агар дар ҳама гӯшаи Тоҷикистон танзиму назорат пурзӯр ва таҷрибаи милитсияи Душанбе истифода шавад, заррае ҳам бошад, таъсири худро мегузорад, то болоравии нарх пешгирӣ шавад. Аммо, мутаассифона, чунин нест.
Назорати мунтазам мебояд!
Сокинони кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар моҳи Рамазон нархи гӯшт дар баъзе бозорҳо то 120-150 сомонӣ мерасад. Ба гуфтаи онҳо, баъзан нархномаи расмӣ бо нархи воқеӣ мувофиқат намекунад. Ё масалан, бо нархи расмӣ гӯшт бо омехтаи зиёди равғани чарбу ва устухон пешниҳоди харидор мегардад. Дар натиҷа ин ҳолат боис ба нороҳатӣ ва шикваи мардуму коҳиши боварӣ ба мақомоти танзиму назорат мешавад. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки назорат бояд мунтазам ва фарогир бошад. На танҳо фурӯшандаҳо, балки роҳбарияти бозорҳо низ бояд барои риояи тартибот масъулият дошта бошанд. Нагузоранд, ки аз нархи муайяншуда бештар маҳсулот ба фурӯш равад. Дар чунин ҳолат, аз ҳама зиёд оилаҳои камдаромад зарар мебинанд. Зеро қисми зиёди даромади онҳо барои хариди маводи ғизоӣ сарф мешавад.

Рамазон – моҳи имтиҳон
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо сӯйистифода аз моҳи Рамазон ва гуноҳи азим аст.
“Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”,- иброз дошт ӯ.
Ба андешаи Саидмукаррам Абдуқодирзода, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол аст.
“Дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор даст мезананд. Дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд. Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳо аст. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”,- таъкид медорад муфтӣ.
Ба гуфтаи ӯ, нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд ва аз ин маблағ ба даст меоранд, ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.
“Аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хоҳиш дорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд”,- гуфт раиси Шурои уламо.
Роҳи ҳал чист?
Иқтисоддонҳо пешниҳод мекунанд, ки барои пешгирии болоравии беасоси нархҳо шаффофият дар бозор тақвият дода шавад. Рӯйхати воқеии нархи маҳсулот ва назорати масъулини бозор ба суботи бозор мусоидат мекунад. Ташкили ярмаркаҳое, ки бидуни миёнарав истеҳсолкунандаҳо тавонанд ба харидорон маҳсулот пешниҳод кунанд, ба манфиат аст. Коҳиши миёнаравҳо низ метавонад нархҳоро паст намояд. Аз ин лиҳоз, Рамазон бояд моҳи сабукӣ ва некӣ бошад, на моҳи фишори иқтисодӣ барои мардум. Дар ин шабу рӯз ба тоҷирон инсофу имон мехоҳем!
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ